Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта мешавад? посухи вазир

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТрадиционный праздничный стол на Навруз
Традиционный праздничный стол на Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода гуфт, иди байналмилалии Наврӯз имсол дар Тоҷикистон таҷлил мешавад ё не
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, имсол ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад, вале на ба мисоли солҳои гузашта.
"Таҷлили имсолаи ҷашни Наврӯз, ки хоси мардуми тоҷик аст, дар шакли барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳо дар назар дошта шудааст", - гуфт вазир.
Вале оммавӣ ин ҷашн таҷлил намешавад, гуфт Давлатзода.
Наврӯз: пешвози Соли нав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2020
Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта, замоне, ки  тамоми дунё аз ҳамагирии коронавирус бонги хатар мезаданд, дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ дар майдони бузурги шаҳри Хуҷанд таҷлил карда шуд.
Он замон Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медод, ки дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст.
Вале пас аз як моҳ, 30 апрели соли 2020 вазорат якбора аз сироят шудани 15 кас иттилоъ дод. Ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон таҷлили ҷашнҳои бузург аз қабили Рӯзи истиқлол лағв шуд.
Пӯшидани ниқоб ҳатмӣ шуду риояи фосилаи иҷтимоӣ дар макони ҷамъиятӣ талаб карда мешуд.
Оғоз аз 10 январи соли 2021 то кунун Вазорати тандурустӣ аз сабт нашудани ягон ҳолати гирифторӣ ба ковид хабар медиҳад, вале бо дарназардошти ин, Наврӯзи имсола ба таври оммавӣ таҷлил намешавад.
Лентаи хабарҳо
0