Наврӯз 2020: таърих ва анъанаҳои ҷашни қадимӣ

Обуна шудан
Наврӯз-яке аз қадимтарин ҷашнҳои рӯи Замин ба шумор рафта, натанҳо рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки вақти пок шудани қалбҳо ва оғози зиндагии нав аст

Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд.

Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон

Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.

Празднование Навруза в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав таҷлили Наврӯз лағв шуд

Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

Ба ҷои арча истифода баред: Раҳмон ҷойгузини арча дар Соли нави миллиро қабул кард - акс

Наврӯз – ҷашни қадимӣ ва анъанавӣ буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон низ ба шумор меравад.

Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми пайёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.

Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он

Рӯзи аслии таҷлил аз Наврӯз 21 март маҳсуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0