Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМиристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода
Миристр здравоохранения Таджикистана Джамолиддин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода мегӯяд, дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст ва агар ба ин ҳақиқат касе шак дошта бошад, ин назари танҳо ҳамон ҷониб аст ва бигзор дар ақидаи худ устувор монад
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, эътимоди доштан ё надоштани дигар давлатҳо ба омори расмӣ оиди коронавирус ӯро тамоман ноҳинҷор намекунад, зеро ин фикру назари танҳо ҳамон давлатҳост.
Табибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Вазир омори дақиқи гирифторӣ ба CОVID - 19 дар минтақаҳоро гуфт
Вазири тоҷик дар ин бора имрӯз зимни посух ба суоли як рӯзноманигор, ки дар мавриди баста боқӣ мондани марзҳо миёни Тоҷикистону Русия пурсид изҳор дошт. Рӯзноманигор суол кард, ки шояд эътимод надоштани Русия ба омори Вазорати тандурустӣ сабаб бошад, ки марзҳо ҳамоно баста ҳастанд.
Вале Абдуллозода ба дурустии омори ниҳоди худ таъкид намуда, гуфт зердастони ӯ новобаста аз он, ки дар кишвар дигар маризи коронавирус намондааст, ҳамоно ҳамарӯза гаштҳои хонагӣ баргузор мекунанд.
"Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст", - мегӯяд вазири тоҷик.
Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳури шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.
Фаврӣ: вазир гуфт, ки чанд тобеаш аз коронавирус даргузаштанд
Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз Туркманистон, ки он ҷо тамоман ин маризӣ қадам наниҳод, охирон давлате буд, ки домангири коронавирус шуд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 30 апрел, расман мавҷуд будани вируси СOVID - 19 - ро тасдиқ карданд. Аз авохири моҳи апрел то моҳи январ дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0