Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Вазир омори дақиқи гирифторӣ ба CОVID - 19 дар минтақаҳоро гуфт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТабибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ
Табибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода омори дақиқи гирифторӣ ба COVID - ро гуфт
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ омори гирифторӣ ба вируси корона дар минтақаҳоро ном бурд.
Бино ба иттилои вазир аз ҳама бештар дар вилояти Суғд ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Суғд - 4300, Душанбе - 4100, ноҳияҳои тобеи марказ - 1500, вилояти Хатлон - 1998 ва ВМКБ - 1196", - гуфт Абдуллозода.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ аз гирифтории 13 ҳазору 308 нафар дар саросари кишвар хабар медиҳад.
Министр здравоохранения и социальной защиты населения республики Джамолиддин Абдуллозода на пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Фаврӣ: вазир гуфт, ки чанд тобеаш аз коронавирус даргузаштанд
Аз ин теъдод кунун 13 ҳазору 218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон гирифтори коронавирус нашуд: ӯ сабабашро шарҳ дод
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.
Дар баробари ин раисиҷумҳур таъкид кард, ки ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.
Лентаи хабарҳо
0