ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.
Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуданд.
Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, ин ҳамоиш дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.
Тоҷикистонро дар ҷашнвора, Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театри Тоҷикистон дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлет”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро намуданд, ки ба гузориши баргузоркунандагон, онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.