https://sputnik.tj/20210211/Amonzoda-muhojirati-mehnat-76-darsad-kam-shud-1032809676.html
Амонзода: дар соли 2020 муҳоҷирати меҳнатӣ 76 дарсад кам шуд
Амонзода: дар соли 2020 муҳоҷирати меҳнатӣ 76 дарсад кам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки соли гузашта нисбат ба соли 2019 шумораи тоҷиконе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 76... 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T18:35+0500
2021-02-11T18:35+0500
2021-08-10T14:36+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_9be4288d7d45247c6af7e9356d8d373e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширин Амонзода, имрӯз зимн нишасти матбуоть гуфт, ки соли гузашта аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар рафтааст, ки аз ин 117 912 нафар ба Русия ва 4574 нафар ба Қазоқистон рафтаанд.Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон соли 2020 иттилоъ додааст, ки баландтарин маош 2376,2 ва пасттарин маош 561,1 будааст, ки баландтарини он ба бахши сохтмон ва пасттарини он ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ рост меояд.“Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон соли 2020 то 3,9 дар сад боло рафта, бар муқоиса бо соли 2019 1377,17 сомониро дар бар гирифтааст”, - гуфт вазир. Ба назари Амонзода, нишондиҳандаи беҳтарро дар ин бахш ВМКБ дорад, ки дар ин вилоят то 10,2 дарсад боло рафтааст. Дар Хатлон 5,9, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 5,2, Суғд - 4,1 ва Душанбе - 1,5 дарсад будааст. Ширин Амонзода зикр кард, ки дар соли гузашта 193 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Шумораи бекорон бештар аз 136 ҳазор будааст. Вазир мегӯяд, инҳо онҳое ҳастанд, ки расман барои кор муроҷиат кардаанд ва 103,4 ҳазори онҳоро ҳамчун нафарони дар ҷустуҷӯйи кор номнавис кардаанд.
https://sputnik.tj/20210211/Amonzoda-muhojir--ikhroshudaho-budand-1032808204.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_328:0:3057:2047_1920x0_80_0_0_866e92bced6f2017433f8e9651a6b969.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, вазир
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, вазир
Амонзода: дар соли 2020 муҳоҷирати меҳнатӣ 76 дарсад кам шуд
18:35 11.02.2021 (Навсозишуда: 14:36 10.08.2021) Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки соли гузашта нисбат ба соли 2019 шумораи тоҷиконе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 76 дарсад кам шудааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ширин Амонзода, имрӯз зимн нишасти матбуоть гуфт, ки соли гузашта аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар рафтааст, ки аз ин 117 912 нафар ба Русия ва 4574 нафар ба Қазоқистон рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон соли 2020 иттилоъ додааст, ки баландтарин маош 2376,2 ва пасттарин маош 561,1 будааст, ки баландтарини он ба бахши сохтмон ва пасттарини он ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ рост меояд.
“Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон соли 2020 то 3,9 дар сад боло рафта, бар муқоиса бо соли 2019 1377,17 сомониро дар бар гирифтааст”, - гуфт вазир.
Ба назари Амонзода, нишондиҳандаи беҳтарро дар ин бахш ВМКБ дорад, ки дар ин вилоят то 10,2 дарсад боло рафтааст. Дар Хатлон 5,9, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 5,2, Суғд - 4,1 ва Душанбе - 1,5 дарсад будааст.
Ширин Амонзода зикр кард, ки дар соли гузашта 193 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Шумораи бекорон бештар аз 136 ҳазор будааст. Вазир мегӯяд, инҳо онҳое ҳастанд, ки расман барои кор муроҷиат кардаанд ва 103,4 ҳазори онҳоро ҳамчун нафарони дар ҷустуҷӯйи кор номнавис кардаанд.