https://sputnik.tj/20210211/jamoliddin-Nuraliev-dar-borai-kori-valyutchiko-1032803229.html
"45 кас қурби пулро муайян мекарданд": Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи кори "валютчикҳо"
"45 кас қурби пулро муайян мекарданд": Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи кори "валютчикҳо"
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон эҳтимоли иҷозаи дигарбораи кори нуқтаҳои мубодилаи асъорро рад кард 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T09:00+0500
2021-02-11T09:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
ҷамолиддин нуралиев
бонки миллӣ
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102997/64/1029976427_0:18:1025:595_1920x0_80_0_0_e3f366c7541fb99d021fb8c6bec60d75.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, тасмими қатъи фаъолияти нуқтаҳои табодули арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон санҷидашуда ва дуруст буд.Ба гуфти Нуралиев сиёсати роҳандозии нуқтаҳои мубодилаи асъор нодуруст буд ва онҳо дуруст танзим намешуданд. Ба тақвияти ин суханҳояш ӯ чанд далелро зикр кард.Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба бартариҳои марокиз ё нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ки ба ҷои нуқтаҳои мубодилаи асъор эҷод шуданд, пардохта, гуфт, дар онҳо на як, балки 10 – 15 намуди хизматрасониро ба мардум пешкаш мешавад.Ӯ афзуд, ки дар чунин марказҳо то 15 нафар бо шуғл таъмин мешаванд, сифати хизматрасонӣ барои дастрасии молиявӣ беҳтар аст.Ба гуфти Нуралиев, ҳоло таҷрибаи Тоҷикистон дар бархе кишварҳои минтақа ва берун аз он низ роҳандозӣ мешавад", - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.Бонки миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 бо як қарор тамомии нуқтаҳои мубодилаи асъорро ба хотири эътидоли вазъ дар бозори асъори кишвар баст.Аксари ин нуқтаҳо дар солҳои 1990 рӯи кор омада, ягона корашон мубодилаи асъори хориҷӣ, қабл аз ҳама доллари амрикову рубли русӣ бо пули тоҷикӣ буд.Пушти "Спитамен бонк" Нурализода меистад? Посухи худи ҶамолиддинТибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, то соли 2016 дар кишвар 1497 нуқтаи мубодилаи асъор баста шуданд ва то имрӯз ҳудуди 2 ҳазор маркази хизматрасонии бонкӣ ҷойгузини онҳо шудаанд.
https://sputnik.tj/20210210/Sharh-raisi-Bonki-Dushanbe-Plaza-1032800800.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102997/64/1029976427_42:0:953:683_1920x0_80_0_0_c44bde38e84f759542843067b807494d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, ҷамолиддин нуралиев, бонки миллӣ, қурби асъор
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, ҷамолиддин нуралиев, бонки миллӣ, қурби асъор
"45 кас қурби пулро муайян мекарданд": Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи кори "валютчикҳо"
09:00 11.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон эҳтимоли иҷозаи дигарбораи кори нуқтаҳои мубодилаи асъорро рад кард
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Нуралиев, ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, тасмими қатъи фаъолияти нуқтаҳои табодули арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон санҷидашуда ва дуруст буд.
Ба гуфти Нуралиев сиёсати роҳандозии нуқтаҳои мубодилаи асъор нодуруст буд ва онҳо дуруст танзим намешуданд. Ба тақвияти ин суханҳояш ӯ чанд далелро зикр кард.
- Шахсоне, ки корманди низоми бонкӣ набуданд, ба мардум хизматрасонии бонкӣ мекарданд.
- Ягон транзаксияи гузаштаи нуқтаҳои мубодилаи асъор ба низоми худкор (автоматикунонидашуда) – и бонкӣ пайваст набуд.
- Фаъолияти онҳо аз сӯи камераҳое, ки бояд дар ин нуқтаҳо бошанд, таъқиб ё назорат намешуд.
- Мавориди ҳаннотӣ миёни ҳамин гуруҳи ашхос дида мешуд.
- Ягон қурбе, ки онҳо муайян мекарданд, ба қурби муайяншудаи низоми бонкӣ наздик набуд.
- Ба истилоҳ "валютчикҳо” дар “Вайбер” гуруҳ доштанд, ки 36 ё 45 нафар шуда, бо маслиҳат қурбро муайян мекарданд. Акнун бигӯед, ки оё иқдоми мо барои ҳимояи ҳуқуқи мардум буд ё не?”, - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба бартариҳои марокиз ё нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ки ба ҷои нуқтаҳои мубодилаи асъор эҷод шуданд, пардохта, гуфт, дар онҳо на як, балки 10 – 15 намуди хизматрасониро ба мардум пешкаш мешавад.
"Ин марокиз ба дурустӣ танзим ва назорат мешаванд. Мо ҳамеша мавқеи асъории онҳоро метавонем назорат кунем, ки дар сатҳи лозимӣ ҳаст ё нест. Вақте маркази хизматрасонии бонкӣ ташкил мешавад, хиҳматрасониҳое, назири дарёфти карта, қарзи хурд, интиқоли маблағҳо ва ғайра пешкаш мешавад", - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Ӯ афзуд, ки дар чунин марказҳо то 15 нафар бо шуғл таъмин мешаванд, сифати хизматрасонӣ барои дастрасии молиявӣ беҳтар аст.
Ба гуфти Нуралиев, ҳоло таҷрибаи Тоҷикистон дар бархе кишварҳои минтақа ва берун аз он низ роҳандозӣ мешавад", - гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 бо як қарор тамомии нуқтаҳои мубодилаи асъорро ба хотири эътидоли вазъ дар бозори асъори кишвар баст.
Аксари ин нуқтаҳо дар солҳои 1990 рӯи кор омада, ягона корашон мубодилаи асъори хориҷӣ, қабл аз ҳама доллари амрикову рубли русӣ бо пули тоҷикӣ буд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, то соли 2016 дар кишвар 1497 нуқтаи мубодилаи асъор баста шуданд ва то имрӯз ҳудуди 2 ҳазор маркази хизматрасонии бонкӣ ҷойгузини онҳо шудаанд.