https://sputnik.tj/20210209/daler-juma-intikol-bark-sangtuda-1-1032787776.html
Далер Ҷумъа бо ҳамтои руси худ масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" - ро баррасӣ кард
Далер Ҷумъа бо ҳамтои руси худ масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" - ро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Далер Ҷумъа бо Николай Шулигин масъалаи интиқоли неруи барқ аз НБО "Сангтӯда - 1" - ро мавриди баррасӣ қарор доранд 09.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-09T13:22+0500
2021-02-09T13:22+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
энергетика
вазорати энергетика ва захираҳои об
интиқол
барқ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:36:1075:641_1920x0_80_0_0_1761945f2d2df7a6808b800a0c0369bf.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазираи энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки феълан бо тими сарвазир Қоҳир Расулзода дар Маскав қарор дорад, бо ҳамтои руси худ мулоқот кард.Бар хабари сомонаи Вазорати энергетикаи Русия, Николай Шулигин вазири ин ниҳод ва Далер Ҷумъа Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иҷтисодӣ, фаъолияти НБО "Сангтӯда - 1" ро муҳокима намуданд.Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин имкони содироти неруи барқи тавлидкардаи ин неругоҳро баррасӣ карданд.Вазири тоҷик: таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома дорандМанбаъ меафзояд, рӯзи 9 феврал дар ҳамоиши мазкур лоиҳаҳои кунунӣ ва ояндаи ширкатҳои сӯзишворию энергетикии Русия дар Тоҷикистон, масъалаҳои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, фаъолияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва имкони содироти нерӯи барқ, ки аз ҷониби ин неругоҳ тавлид мешавад, баррасӣ хоҳад шудҚобили зикр аст, ки НБО "Сангтӯда - 1" соли 2009 бо кӯмаки ҶСК "Интер РАО" сохта шуд. Ин неругоҳ дар таъминоти энергетикии иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, то 12 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" - ро дар ихтиёр доранд.Масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" дар ҳолест, дар Тоҷикистон феълан ба далели камбуди барқ дар аксар манотиқҳои ҷумҳурӣ маҳдудият аз соати 23 - и шаб то 6 - и субҳ ҷорӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210203/Sangtuda-barq-tavlid-furkhta-nametavonad-1032751744.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:0:1027:770_1920x0_80_0_0_795164a68288a742274558734966eab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, энергетика, вазорати энергетика ва захираҳои об, интиқол, барқ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар русия, энергетика, вазорати энергетика ва захираҳои об, интиқол, барқ, дар тоҷикистон
Далер Ҷумъа бо ҳамтои руси худ масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" - ро баррасӣ кард
13:22 09.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Далер Ҷумъа бо Николай Шулигин масъалаи интиқоли неруи барқ аз НБО "Сангтӯда - 1" - ро мавриди баррасӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазираи энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки феълан бо тими сарвазир Қоҳир Расулзода дар Маскав қарор дорад, бо ҳамтои руси худ мулоқот кард.
Бар хабари сомонаи Вазорати энергетикаи Русия, Николай Шулигин вазири ин ниҳод ва Далер Ҷумъа Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иҷтисодӣ, фаъолияти НБО "Сангтӯда - 1" ро муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин имкони содироти неруи барқи тавлидкардаи ин неругоҳро баррасӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 9 феврал дар ҳамоиши мазкур лоиҳаҳои кунунӣ ва ояндаи ширкатҳои сӯзишворию энергетикии Русия дар Тоҷикистон, масъалаҳои рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, фаъолияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва имкони содироти нерӯи барқ, ки аз ҷониби ин неругоҳ тавлид мешавад, баррасӣ хоҳад шуд
Қобили зикр аст, ки НБО "Сангтӯда - 1" соли 2009 бо кӯмаки ҶСК "Интер РАО" сохта шуд. Ин неругоҳ дар таъминоти энергетикии иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, то 12 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" - ро дар ихтиёр доранд.
Масъалаи интиқоли барқи "Сангтӯда - 1" дар ҳолест, дар Тоҷикистон феълан ба далели камбуди барқ дар аксар манотиқҳои ҷумҳурӣ маҳдудият аз соати 23 - и шаб то 6 - и субҳ ҷорӣ шудааст.