https://sputnik.tj/20210210/TV-marg-buzurgon-kambudi-Tojikiston-Nuriddin-Said-1032794014.html
Чаро ТВ аз марги бузургону камбудиҳо дар Тоҷикистон намегӯяд? Посухи Нуриддин Саид
Чаро ТВ аз марги бузургону камбудиҳо дар Тоҷикистон намегӯяд? Посухи Нуриддин Саид
Sputnik Тоҷикистон
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, зарурати нашри некролог ё хабарҳо дар бори фавти чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ тариқи... 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T13:17+0500
2021-02-10T13:17+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
телевизион
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/08/1029460824_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_8f0dbb74e6162eb19f583394506b38ec.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Рӯзноманигорон аз раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро дар тамоми ҷаҳон аз даргузашти чеҳраҳои шинохтаи миллию ҷаҳонӣ тариқи телевизион хабарҳо нашр мешаванд, аммо дар телевизионҳои ҷумҳурӣ аслан некролог дида намешавад.Нуриддин Саид посух дод, ки гумон мекунад некролог дар телевизион зарурат надорад, аммо шарҳ надод, ки бо кадом далоил ин таҷрибаи роиҷи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зарур нест.Ӯ инчунин иддаоро, ки дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон танқид вуҷуд надорад, бепоя хонд. Раиси Кумитаи телевизион гуфт, шабакаҳо гузоришҳои танқидиро нашр мекунанду камбудиҳоро фош мекунанд.Нуриддин Саид таъкид намуд, ки танқид шояд ба андозае, ки баъзеҳо мехоҳанд нест ва афзуд, ки ҳаракат мекунанд, то бештар бошад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион, дар сохтори барномаҳои телевизион тағйироти ҷадид ворид хоҳад шуд ва аз ҷумла дар назар аст, ки барномаҳои таҳқиқотии рӯзноманигорӣ низ таҳияю нашр гарданд.
https://sputnik.tj/20210210/Dars-TV-Tojikiston-shabakai-nav-1032793549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/08/1029460824_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_1632f5c48f758773a89c20d097c22ddf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, телевизион, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, телевизион, дар тоҷикистон
Чаро ТВ аз марги бузургону камбудиҳо дар Тоҷикистон намегӯяд? Посухи Нуриддин Саид
13:17 10.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, зарурати нашри некролог ё хабарҳо дар бори фавти чеҳраҳои шинохтаи ҷумҳурӣ тариқи телевизионҳоро намебинад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Рӯзноманигорон аз раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро дар тамоми ҷаҳон аз даргузашти чеҳраҳои шинохтаи миллию ҷаҳонӣ тариқи телевизион хабарҳо нашр мешаванд, аммо дар телевизионҳои ҷумҳурӣ аслан некролог дида намешавад.
Нуриддин Саид посух дод, ки гумон мекунад некролог дар телевизион зарурат надорад, аммо шарҳ надод, ки бо кадом далоил ин таҷрибаи роиҷи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зарур нест.
Ӯ инчунин иддаоро, ки дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон танқид вуҷуд надорад, бепоя хонд. Раиси Кумитаи телевизион гуфт, шабакаҳо гузоришҳои танқидиро нашр мекунанду камбудиҳоро фош мекунанд.
Нуриддин Саид таъкид намуд, ки танқид шояд ба андозае, ки баъзеҳо мехоҳанд нест ва афзуд, ки ҳаракат мекунанд, то бештар бошад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион, дар сохтори барномаҳои телевизион тағйироти ҷадид ворид хоҳад шуд ва аз ҷумла дар назар аст, ки барномаҳои таҳқиқотии рӯзноманигорӣ низ таҳияю нашр гарданд.