https://sputnik.tj/20210210/Dars-TV-Tojikiston-shabakai-nav-1032793549.html
Дарс тариқи ТВ: моҳи оянда дар Тоҷикистон шабакаи нав фаъол мешавад
Дарс тариқи ТВ: моҳи оянда дар Тоҷикистон шабакаи нав фаъол мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд, то ҷашни Наврӯз дар кишвар шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T12:45+0500
2021-02-10T12:45+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
маориф
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103001/97/1030019788_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_dec306257b52c7a84499433a8e66304f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шабакаи нави "Илм ва табиат" бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон фаъол мешавад ва Кумитаи телевизиону радио барои татбиқи ин дастур 6 моҳ муҳлат гирифта буд.Ӯ афзуд, ки бархе таҷҳизот харидорӣ шуда, таъмири биное, ки бояд дафтари шабакаи нави телевизион шавад, феълан идома дорад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион инчунин дастгоҳҳои касбӣ аз Аврупо фармоиш дода шудаанд, ки дар назар аст, то ҷашни Наврӯз дастрасу насб карда шаванд.Нуриддин Саид илова намуд, ки ният доранд, шабакаи "Илм ва табиат"-ро дар рӯзҳои 18 то 21 март, дар рӯзҳои ҷашни таҷлили Наврӯз мавриди истифода қарор диҳанд.Бар асоси қарори Ҳукумат, шабакаи тозатаъсиси "Илм ва табиат" бо 87 воҳиди корӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.Масъалаи ташкили шабакаи мазкурро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.
https://sputnik.tj/20200722/Dar-Toikiston-du-shabakai-navi-televizion-iftito-meshavad-1031617341.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103001/97/1030019788_211:0:2615:1803_1920x0_80_0_0_036d4c6e31505f8f2a26c707b99977f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, маориф, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, маориф, дар тоҷикистон
Дарс тариқи ТВ: моҳи оянда дар Тоҷикистон шабакаи нав фаъол мешавад
12:45 10.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд, то ҷашни Наврӯз дар кишвар шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, шабакаи нави "Илм ва табиат" бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон фаъол мешавад ва Кумитаи телевизиону радио барои татбиқи ин дастур 6 моҳ муҳлат гирифта буд.
Ӯ афзуд, ки бархе таҷҳизот харидорӣ шуда, таъмири биное, ки бояд дафтари шабакаи нави телевизион шавад, феълан идома дорад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи телевизион инчунин дастгоҳҳои касбӣ аз Аврупо фармоиш дода шудаанд, ки дар назар аст, то ҷашни Наврӯз дастрасу насб карда шаванд.
Нуриддин Саид илова намуд, ки ният доранд, шабакаи "Илм ва табиат"-ро дар рӯзҳои 18 то 21 март, дар рӯзҳои ҷашни таҷлили Наврӯз мавриди истифода қарор диҳанд.
Бар асоси қарори Ҳукумат, шабакаи тозатаъсиси "Илм ва табиат" бо 87 воҳиди корӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш хоҳад кард.
Масъалаи ташкили шабакаи мазкурро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта дар мулоқот бо олимони кишвар ба миён гузошта буд.
Ӯ таъкид карда буд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд.