https://sputnik.tj/20210210/Rahmon-ruzi-millii-Iran-shodbosh--1032802432.html
Раҳмон рӯзи миллии Эронро шодбош гуфту аз муштаракот ёд кард
Раҳмон рӯзи миллии Эронро шодбош гуфту аз муштаракот ёд кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли паём ба ҳамтоёни эронии худ, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон... 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T19:52+0500
2021-02-10T19:52+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
эрон
паём
шодбошӣ
табрикот
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102945/59/1029455945_0:723:2048:1881_1920x0_80_0_0_adf53bdcf07a7fbd5db76eb99f6e9fe4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии Эрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи миллии Эрон таъкид кардааст: "Тоҷикистон алоқаманд ба тавсеаву таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманду самарбахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн мебошад".Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ афзудааст: "Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак дар оянда низ густариш хоҳад ёфт".Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ саломативу комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саодат ва шукуфоӣ орзӯ кардааст.Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар паёме солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ табрик гуфт.Дар ин паём омадааст: "Муфтахарам ба Шумо ҷашни фархундаи рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро самимона табрик арз намоям. Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҳамаи бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн алоқаманд аст".Муҳриддин ибрози итминон кардааст, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ ва барқарории сулҳу субот дар минтақа ва дар партави ҳамкориву талошҳои муштарак, равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёбад.
https://sputnik.tj/20200113/jonibdorii-Emomali-Rahmon-sozish-Eron-5-million-dollar-judo-mekunad-1030533690.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102945/59/1029455945_0:658:2048:1946_1920x0_80_0_0_e900964d7bfc554e173f48249417952d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эрон, паём, шодбошӣ, табрикот, эмомалӣ раҳмон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, эрон, паём, шодбошӣ, табрикот, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон рӯзи миллии Эронро шодбош гуфту аз муштаракот ёд кард
19:52 10.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Президенти Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли паём ба ҳамтоёни эронии худ, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфтанд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии Эрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи миллии Эрон таъкид кардааст: "Тоҷикистон алоқаманд ба тавсеаву таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманду самарбахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн мебошад".
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ афзудааст: "Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак дар оянда низ густариш хоҳад ёфт".
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ саломативу комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саодат ва шукуфоӣ орзӯ кардааст.
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар паёме солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ табрик гуфт.
Дар ин паём омадааст: "Муфтахарам ба Шумо ҷашни фархундаи рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро самимона табрик арз намоям. Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҳамаи бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн алоқаманд аст".
Муҳриддин ибрози итминон кардааст, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ ва барқарории сулҳу субот дар минтақа ва дар партави ҳамкориву талошҳои муштарак, равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёбад.