https://sputnik.tj/20210210/Guftugu-diaspora-maqomot-tojikon-Sankt-Peterburg-chi-khost-1032791824.html
Гуфтугӯ бо диаспора: мақомот аз муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург чӣ хост?
Гуфтугӯ бо диаспора: мақомот аз муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург чӣ хост?
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикони муқими вилояти Ленинград баргузор шуд 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T10:30+0500
2021-02-10T10:30+0500
2021-04-23T17:28+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
муҳоҷират
тоҷикон
диаспораи тоҷикон
санкт-петербург
вилояти ленинград
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/09/1032055809_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_38f44b108b5954ff729c2df2a6dbc473.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, зимни мулоқот Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ таъкид доштааст, ки ҳамаи кормандони консулгарӣ дар ҳар лаҳза омодаанд, ки ба ҳамватанон дар ҳама масъалаҳои ба миён омада кумак расонанд."Риояи қонунҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, аҳамияти калон дорад. Мо, бояд ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат бошем ва фарҳанги баланд дошта бошем", - қайд каардааст Ҳомидҷон Назарӣ.Дар ҳамин ҳол, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода дар суҳбат бо диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург қайд намудааст, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишварамон таъсир расондааст. Бахтовар Сафарзода ҳамчунин иброз намудааст, ки имрӯз бо ҷавонон бояд кор бурд, то онҳо ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил нашаванд.Зикр шудааст, ки дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.
https://sputnik.tj/20200524/Sattorov-guft-chi-tavr-dar-Rusiya-ba-shahrvandoni-Tajikistan-kumak-merasonand-1031290291.html
санкт-петербург
вилояти ленинград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/09/1032055809_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_7e5150388e2a6ae7ca330cf52a2889d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, муҳоҷират, тоҷикон, диаспораи тоҷикон, санкт-петербург, вилояти ленинград
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, муҳоҷират, тоҷикон, диаспораи тоҷикон, санкт-петербург, вилояти ленинград
Гуфтугӯ бо диаспора: мақомот аз муҳоҷирони тоҷики Санкт-Петербург чӣ хост?
10:30 10.02.2021 (Навсозишуда: 17:28 23.04.2021) Ахиран дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикони муқими вилояти Ленинград баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, зимни мулоқот Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ таъкид доштааст, ки ҳамаи кормандони консулгарӣ дар ҳар лаҳза омодаанд, ки ба ҳамватанон дар ҳама масъалаҳои ба миён омада кумак расонанд.
"Риояи қонунҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, аҳамияти калон дорад. Мо, бояд ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат бошем ва фарҳанги баланд дошта бошем", - қайд каардааст Ҳомидҷон Назарӣ.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода дар суҳбат бо диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург қайд намудааст, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишварамон таъсир расондааст.
Бахтовар Сафарзода ҳамчунин иброз намудааст, ки имрӯз бо ҷавонон бояд кор бурд, то онҳо ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил нашаванд.
Зикр шудааст, ки дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.