Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

© Flickr \ flash.proТелевизор, архивное фото
Телевизор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад то охири соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ба кор шурӯъ кунад. Лоиҳаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радио таҳия намуда, бо вазоратҳои дахлдор мувофиқа карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод.

Дилафруз Рустамова - Sputnik Тоҷикистон
Аз ноиби декан то ноиби раиси Кумита: болоравии Рустамова дар 3 моҳ ва шарҳи Нуриддин Саид

ҶаБино бар иттилои манбаъ, тарҳи ташкили ду шабакаи нав - "Илм ва табиат" ва "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро Кумитаи телевизион ва радио омода намуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

"Ҷиҳати ташкили телевизиони "Илм ва табиат" тамоми оинномаву низомномаҳои ин муассиса таҳия шуда, ба вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст", - тавзеҳ дод Нуриддин Саид. 

"Тарҳи боз як шабакаи телевизиони дигар бо номи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" омода карда шуд, бо вазорати молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо бо вазорати фарҳанг, кумитаи сайёҳӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мувофиқа шуд", - афзуд вай. 

Тариқи "Сафина" ва "Баҳористон": дарсҳои фосилавӣ барои синфҳои 9 ва 11 дар Тоҷикистон

Эҳтимол меравад, ки шабакаи "Илм ва табиат" ҳамин моҳ, баъди тасдиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумат ва шабакаи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" то охири соли ҷарӣ ба фаъолият шурӯъ кунад.

Лентаи хабарҳо
0