Намози Амири Қатар дар Душанбе: Масҷиди бузурги пойтахт кай ифтитоҳ мешавад?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе эҳтимолан моҳи марти соли равон дарҳои худро барои намозгузорон боз хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, имрӯз, 31 январ, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, Масҷиди бузурги ҷомеи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури амири Қатар, кишваре, ки сармоягузории онро бар дӯш дошт, ифтитоҳ мешавад.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони Масҷиди ҷомеи Душанбе: Раҳмон комиссия ташкил кард

“Ҳузури он кас ҳам муҳим аст. Моҳи октябр мо амирро ба ифтитоҳи масҷид даъват карда будем, мутаасифона он кас омада натавонист. Худо хоҳад, моҳи март амири Қатар бояд ба Душанбе ояд ва дар маросими ифтитоҳи ин иншоот ширкат намояд”, - афзуд раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе қарор буд, дар маросими ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ расад. Он замон расонаҳо аз қавли мақомот навишта буданд, ки амири Қатар Шайх Тамин бин Ҳамад Оли Сонӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, то ба ӯ иҷоза диҳанд, ки дар маросими ифтитоҳи масҷид ширкат кунад ва бо намозгузорони тоҷик намоз бигзорад.

Дар ин миён, овозаву шоеоте паҳн шуданд, ки гӯё дар сохтмони масҷид мушкилиҳое пеш омадаанд, аз ҷумла ҷониби Қатар аз ин ки ба ҷои мармар барои пӯшиши масҷид сафолсангро истифода кардаанд, норозӣ шудааст. Ҷамшед Аҳмадзода бо радди ин овозаҳо гуфт, барои пӯшиши бинои масҷид аз Юнон ба Тоҷикистон санги мармар оварда шудааст.

Стройка новой мечети в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе моҳи октябр ифтитоҳ мешавад

Вай далели тӯл кашидани сохтмонро низ тавзеҳ дод: “Талаботи сармоягузор сахт буд. Новобаста аз ин мо тамоми онҳоро иҷро кардем. Ҳоло корҳои сохтмонӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар рафти сохтмон ҳеҷ мушкиле пеш наомадааст. Масҷид аз имтиҳони комиссияи корӣ гузашт, ҳоло аз комиссия давлатӣ мегузарад. Дар ҳайати комиссия ҳатто аз Лубнон як мушовир даъват шудааст”, - гуфт Ҷамшед Аҳмадзода.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе интизор меравад яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа бошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0