Се миллион “доля”-и бонкдор Исоев аз Ғуломовҳо барои интиқоли ғайриқонунии 150 миллион

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, мақомдори баландпояи “Амонатбонк” якҷоя бо бародарон Ғуломовҳо ширкатҳо таъсис дода, ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Ба иттилои Юсуф Раҳмон, шаҳрванд Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории “Амонатбонк”, бо бародарон Ғуломовҳо чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул гардидаанд.

Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддон аз қурби ҳайратангези доллар дар моҳи январ гуфт

Ба иттилои манбаъ, Ғуломовҳо ҳангоми аз соҳибкорон барои интиқол қабул кардани маблағ бо пули сомонӣ, қурби долларро аз нишондоди Бонки миллӣ баланд нишон дода, аз ҳар 100 доллар аз 10 то 100 сомонӣ фоидаи муфт гирифтаанд.

Ҳаҷми маблағе, ки аз шаҳрвандон гирифта шудаст, ҳудуди 151 миллиону 766 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шуда, фоидае, ки дастанадаркорон гирифтаанд - 5,5 миллион сомонӣ, 73 900 доллар ва 255 276 рубли русиро ташкил додаст, таъкид мекунанд манобеи расмӣ. Дар бораи бародарон Ғуломовҳо иттилои бештаре ироа нашудааст.

Додситони кул тавзеҳ дод, ки бо мусоидати Исоев, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону  982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо”  3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0