Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Маълум шуд, чанд кас дар Хуҷанд ба COVID-19 сироят шудаву чанд кас фавтидаанд

© Sputnik / Стас ЭтвешГород Худжанд, архивное фото
Город Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Обуна шудан
Масъулини Идораи тандурустии Суғд, дар бораи омори сироятёбӣ ва фавт аз бемории COVID-19 дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Маълум шуд, дар шаҳри Хуҷанд чанд кас аз вируси корона сироят ёфтаву фавтидаанд.
Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки имрӯз дар нишасти матбуотии ҳукумати Хуҷанд ба саволи рӯзноманигорон омори COVID -19 ро шарҳ дод.
Бино ба иттилои Ҳоҷибоев, дар шаҳри Хуҷанд 1547 мавриди гирифтории сокинон ба бемории ҳамагири навъи COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
"Аз ин теъдод 6 нафар аз бемории каронавирус фавтиданд", - гуфт масъули Идораи тандурустии Суғд.
Ҳоҷибоев ҳамчунин дар бораи бемории сироятии илтиҳоби шуш ибрози андеша кард.
Маҷммаи сайёри тиббӣ, ки ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - акс
Ӯ гуфт, ки "ин беморӣ буд, ҳаст ва мемонад. Беморӣ барангезадаҳои гуногун дорад. Масалан бактериологӣ, вирусӣ ва ё замбуруғию микс инфексионӣ".
Бино ба гуфти Маъруф Ҳоҷибоев соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар муқоиса ба солҳои қаблӣ то 230 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Русия боз ба Тоҷикистон ваксин ирсол мекунад
Масъули Идораи тандурустӣ риояи реҷаи ниқобӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро аз роҳҳои муҳифизат аз сирояти ин беморӣ хонд.
Лентаи хабарҳо
0