https://sputnik.tj/20210208/Toikiston-soibi-5-mamaai-tibbii-sayr-meshavad---aks-1032784784.html
Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - акс
Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - акс
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷумҳурӣ панҷ маҷмааи тиббии сайёр ё худ мошинҳои калонҳаҷми тиббӣ ворид карда мешаванд 08.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-08T19:44+0500
2021-02-08T19:44+0500
2021-02-08T19:46+0500
ҳамаи хабарҳо
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032784486_0:92:1017:664_1920x0_80_0_0_bb550954f0d9fd8363d5a2d764f31c4f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ барои қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар Туркия қарор дорад.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, маҷмааҳои мазкур бо маблағи бебозгашти Барномаи хайриявии Бонки Исломии Рушд харидорӣ шудаанд.Вазири тандурустии Тоҷикистон аз корхонаи саноатии Сакараяи Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр, ки интизор аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид.Манбаъ афзуд, маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои Аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.“Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти ахсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.
https://sputnik.tj/20210204/Tayinot-kadr-asht-tandurusti-1032759504.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032784486_5:0:1013:756_1920x0_80_0_0_47cc71a5901861de1c141390b7f054bf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, тандурустӣ
Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - акс
19:44 08.02.2021 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2021) Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷумҳурӣ панҷ маҷмааи тиббии сайёр ё худ мошинҳои калонҳаҷми тиббӣ ворид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ барои қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар Туркия қарор дорад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, маҷмааҳои мазкур бо маблағи бебозгашти Барномаи хайриявии Бонки Исломии Рушд харидорӣ шудаанд.
Вазири тандурустии Тоҷикистон аз корхонаи саноатии Сакараяи Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр, ки интизор аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид.
Манбаъ афзуд, маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои Аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
“Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти ахсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.