https://sputnik.tj/20210208/Rustam-Emomali-maydoni-Istiqlol-chand-million-1032778861.html
Рустами Эмомалӣ гуфт, барои майдони "Истиқлол" чанд миллион харҷ шудааст
Рустами Эмомалӣ гуфт, барои майдони "Истиқлол" чанд миллион харҷ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ҳаҷми маблағеро, ки то ҳол барои сохтмони майдони “Истиқлол” харҷ шудааст, эълон кард 08.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-08T11:41+0500
2021-02-08T11:41+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
майдон
истиқлол
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102162/23/1021622331_0:0:2947:1666_1920x0_80_0_0_409be13d997c7b864f6e1a9b0afabc34.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе гуфт, то ҳол барои бунёди майдони “Истиқлол” беш аз 30 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.“Айни замон ҷиҳати бунёди майдони “Истиқлол” дар марҳилаи якум корҳои сохтмонӣ, ки арзиши он 4,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расида, корҳо дар марҳилаи 2 - юм тибқи лоиҳа идома дошта, то ҳозир ба маблағи 30,4 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд”, - изҳор дошт раиси Душанбе дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”.Маҷмааи Боғи Истиқлол, яке аз иншооти ҷашнии бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки масоҳати он наздики 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад. Дар ин ҷо бунёди майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, дар назар аст.Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, гуфт, маҷмааи Боғи Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ҳукумати шаҳри Душанбе сохта мешавад. Ӯ афзуд, ки маҷмаа бар асоси 6 лот бунёд мегардад ва маблағи умумияш то ҳол ҳам муайян нест.Ба иттилои Зувайдзода, худи поя ё худ стелларо чиниҳо месозанд ва лотҳои боқимонда аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда мешавад.Ба иттилои манбаъ, баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
https://sputnik.tj/20210107/Rahmon-bo-raisi-shahri-Dushanbe-dar-Maydoni-Istiklol-darakhti-itolyov-shinondand-1032587891.html
https://sputnik.tj/20200921/Hukumat-yak-inshooti-makhsusi-digarro-qabul-kard-az-andozu-boj-ozod-shud-1031932195.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102162/23/1021622331_0:0:2947:1852_1920x0_80_0_0_50c26bac5898cc448711de09f3966d12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, майдон, истиқлол, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, майдон, истиқлол, дар тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ гуфт, барои майдони "Истиқлол" чанд миллион харҷ шудааст
11:41 08.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ҳаҷми маблағеро, ки то ҳол барои сохтмони майдони “Истиқлол” харҷ шудааст, эълон кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе гуфт, то ҳол барои бунёди майдони “Истиқлол” беш аз 30 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.
“Айни замон ҷиҳати бунёди майдони “Истиқлол” дар марҳилаи якум корҳои сохтмонӣ, ки арзиши он 4,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расида, корҳо дар марҳилаи 2 - юм тибқи лоиҳа идома дошта, то ҳозир ба маблағи 30,4 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд”, - изҳор дошт раиси Душанбе дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Маҷмааи Боғи Истиқлол, яке аз иншооти ҷашнии бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки масоҳати он наздики 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад. Дар ин ҷо бунёди майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, дар назар аст.
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, гуфт, маҷмааи Боғи Истиқлол аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ҳукумати шаҳри Душанбе сохта мешавад. Ӯ афзуд, ки маҷмаа бар асоси 6 лот бунёд мегардад ва маблағи умумияш то ҳол ҳам муайян нест.
Ба иттилои Зувайдзода, худи поя ё худ стелларо чиниҳо месозанд ва лотҳои боқимонда аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.