Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе дар Майдони "Истиқлол" дарахтони итолёвӣ шинонданд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмамали Рахмон и Рустам Эмомали на открытии предприятия по переработке колючего и мраморного камня в Душанбе
Эмамали Рахмон и Рустам Эмомали на открытии предприятия по переработке колючего и мраморного камня в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар Майдони "Истиқлол" дарахт шинониданд

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Аз ҷараёни сохтмон дар Майдони "Истиқлол"- и шаҳри Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дидан намуданд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

© акс аз дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Майдони "Истиқлол" дарахт шинонданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Майдони Истиқлол дарахт шинонданд - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Майдони "Истиқлол" дарахт шинонданд
© акс аз дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аснои шинонидани ниҳол дар Майдони "Истиқлол"
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аснои шинонидани ниҳол дар Майдони Истиқлол - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аснои шинонидани ниҳол дар Майдони "Истиқлол"
1/2
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Майдони "Истиқлол" дарахт шинонданд
2/2
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аснои шинонидани ниҳол дар Майдони "Истиқлол"

Ба иттилои манбаъ, сарвари давлат ва раиси Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидаанд.

Шанбегии раис Файзов: аз ниҳолшинонӣ то тозакунии кӯчаву ҷуйбори шаҳр дар қатори мардум

"Имрӯз ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи алоҳидаи Майдони Истиқлол, ки барои сабзкорӣ ва бунёди боғу гулгашт ба нақша гирифта шудааст, дарахт шинониданд", - иттилоъ медиҳад манбаъ.

То имрӯз дар як гӯшаи боғ даҳҳо адад дарахтони серена, олу ва сӯзанбарги кабуд шинонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.

Лентаи хабарҳо
0