https://sputnik.tj/20210208/Nazorati-sifat-guzorish-Tojikstandart-aks-1032784217.html
Назорати сифат: гузориш аз ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт" - аксҳо
Назорати сифат: гузориш аз ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт" - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод ҷилавгирӣ аз фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ мебошад. Ӯ... 08.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-08T19:00+0500
2021-02-08T19:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
акс
"тоҷикстандарт"
ташхис
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782490_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_be8fac83b8491e39b05c13693578ad12.jpg
Ситора Шерзода, ноиби дигари раиси "Тоҷикстандарт" изҳор дошт, ки соли гузашта харид ва ташхиси беш аз 47 навъи маҳсулотро анҷом доданд ва бархе маҳсулоти ғайристандартӣ аз бозор гирифта шуд. Тибқи иттилои "Тоҷикстандарт", аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартие, ки ошкор шудааст, 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст. Беш 646 ҳазор килои боқимонда мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд.Ин ниҳод афзуд, аз маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда беш аз 455 ҳазор килояш маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазор кило равғани растанӣ, 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 44 ҳазор килоро маҳсулоти қаннодӣ ташкил додааст.Тибқи иттилои “Тоҷикстандарт”, дар маҷмуъ давоми соли 2020 ҳамагӣ 7 ҳазору 970 нафар барои нақзи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи ҷарима беш аз 1,7 миллион сомониро ташкил дод.Мақомдорони “Тоҷикстандарт” таъкид намуданд, ки маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозори истеъмолии Тоҷикистон коҳиш ёфта истодаанд ва яке аз омилҳояш вуҷуди рақобати солим арзёбӣ мешавад.Масъулин мегӯянд, вақте мардум маҳсулоти босифат интихоб мекунад, тавлидкунанда низ маҷбур мешавад маҳсулоти хуб ба бозор барорад ва колои пастсифат худаш аз байн меравад.
https://sputnik.tj/20210208/Tojikstandart-suzishvorii-gayristandart-1032781248.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782490_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_7e813b8fecddbec84f492d79f611337a.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, "тоҷикстандарт", ташхис, дар тоҷикистон
акс, "тоҷикстандарт", ташхис, дар тоҷикистон
Назорати сифат: гузориш аз ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт" - аксҳо 19:00 08.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021 )
Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, аз самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳод ҷилавгирӣ аз фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ мебошад. Ӯ гуфт, соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 2 миллиону 355 ҳазор кило маҳсулоти ғайристандартиро ошкор кардаанд
Ситора Шерзода, ноиби дигари раиси "Тоҷикстандарт" изҳор дошт, ки соли гузашта харид ва ташхиси беш аз 47 навъи маҳсулотро анҷом доданд ва бархе маҳсулоти ғайристандартӣ аз бозор гирифта шуд.
Тибқи иттилои "Тоҷикстандарт", аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартие, ки ошкор шудааст, 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст. Беш 646 ҳазор килои боқимонда мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд.
Ин ниҳод афзуд, аз маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда беш аз 455 ҳазор килояш маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазор кило равғани растанӣ, 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 44 ҳазор килоро маҳсулоти қаннодӣ ташкил додааст.
Тибқи иттилои “Тоҷикстандарт”, дар маҷмуъ давоми соли 2020 ҳамагӣ 7 ҳазору 970 нафар барои нақзи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи ҷарима беш аз 1,7 миллион сомониро ташкил дод.
Мақомдорони “Тоҷикстандарт” таъкид намуданд, ки маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозори истеъмолии Тоҷикистон коҳиш ёфта истодаанд ва яке аз омилҳояш вуҷуди рақобати солим арзёбӣ мешавад.
Масъулин мегӯянд, вақте мардум маҳсулоти босифат интихоб мекунад, тавлидкунанда низ маҷбур мешавад маҳсулоти хуб ба бозор барорад ва колои пастсифат худаш аз байн меравад.
© Sputnik / Амир Исаев Масъулини "Тоҷикстандарт" соли 2020 беш аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор кардаанд Масъулини "Тоҷикстандарт" соли 2020 беш аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор кардаанд
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Аз ҷумла 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст Аз ҷумла 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Беш аз 646 ҳазор килои маҳсулоти ғайристандартӣ мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд Беш аз 646 ҳазор килои маҳсулоти ғайристандартӣ мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Соли 2020 беш аз 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртии ғайристандартӣ мусодира шуд Соли 2020 беш аз 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртии ғайристандартӣ мусодира шуд
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Колоҳои мусодирашудаи ғайристандартӣ Колоҳои мусодирашудаи ғайристандартӣ
© Sputnik / Амир Исаев Ташхисгар дар ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт" Ташхисгар дар ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт"
© Sputnik / Амир Исаев Беш аз 455 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии ғайристандартӣ ошкор ва мусодира шуд Беш аз 455 ҳазор кило маҳсулоти гӯштии ғайристандартӣ ошкор ва мусодира шуд
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Ташхисгар дар ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт" Ташхисгар дар ташхисгоҳи "Тоҷикстандарт"
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Колоҳои мусодирашудаи ғайристандартӣ Колоҳои мусодирашудаи ғайристандартӣ
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Шириниҳои ғайристандартии мусодирашуда дар соли 2020 беш аз 44 ҳазор килоро ташкил додаанд Шириниҳои ғайристандартии мусодирашуда дар соли 2020 беш аз 44 ҳазор килоро ташкил додаанд
© Sputnik / Sputnik / Амир Исаев Мақомдорони "Тоҷикстандарт" мегӯянд, вазъи бозорро таҳти назорат қарор додаанд Мақомдорони "Тоҷикстандарт" мегӯянд, вазъи бозорро таҳти назорат қарор додаанд