https://sputnik.tj/20210208/Tojikstandart-suzishvorii-gayristandart-1032781248.html
“Тоҷикстандарт” гуфт, киҳо сӯзишвории ғайристандартӣ мефурӯшанд
“Тоҷикстандарт” гуфт, киҳо сӯзишвории ғайристандартӣ мефурӯшанд
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси “Тоҷикстандарт” якҷоя бо дигар мақомот дар Тоҷикистон соли 2020 беш аз 888 тонна маҳсулоти cӯзишвории ғайристандартиро ошкор кардааст 08.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-08T13:57+0500
2021-02-08T13:57+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
энергетика
фурӯш
сӯзишворӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577538_0:143:3133:1905_1920x0_80_0_0_ee91c81bcafbde9fc3a2c4078946cd79.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, асосан сӯзишвории ғайристандартӣ дар нуқтаҳои фурӯши ғайрирасмӣ ошкор карда шудааст.Ӯ афзуд, ки масъулини “Тоҷикстандарт” якҷоя бо дигар мақомот дар роҳҳои самти ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва дигар навоҳӣ санҷишҳо гузаронда, фурӯши ғайриқонунии маводи сӯхтро дар сари роҳу кӯчаҳо ошкор кардаанд.Ба гуфтаи мақомдорони “Тоҷикстандарт”, онҳое, ки расман ба қайд гирифта шудаанду ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ камтар даст мезананд. Зикр шуд, ки худи нозирони “Тоҷикстандарт” дар миқёси ҷумҳурӣ соли гузашта 12 ҳазору 827 литр бензину 28 ҳазору 300 литр сӯзишвории дизелӣ ошкор кардаанд, ки ба талабот ҷавобгӯй набудааст.Мақомот мегӯянд, дастандаркорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дода буд, ки феълан дар бозори сӯзишвории дизелӣ дар ҷумуҳурӣ 22 ширкат фаъолият мекунад ва тақрибан 20 ширкат дар кишвар ба интиқоли бензин машғуланд.Ширкати бузургтарини ин бахш "Газпромнефт" -и Русия аст, ки қариб 32% тамоми бозори сӯзишвории Тоҷикистонро фаро мегирад.Дар мавриди ҷаримаҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар соли 2020, ки нархҳоро беасос баланд кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 300 ҳазор зиёд аст.
https://sputnik.tj/20210123/Narkhi-benzin-dizel-boz-bolo-raft-1032679221.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0f/1031577538_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_5a72e6f9ea115bb5e2f7179986ad7cfc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, энергетика, фурӯш, сӯзишворӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, энергетика, фурӯш, сӯзишворӣ, дар тоҷикистон
“Тоҷикстандарт” гуфт, киҳо сӯзишвории ғайристандартӣ мефурӯшанд
13:57 08.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ожонси “Тоҷикстандарт” якҷоя бо дигар мақомот дар Тоҷикистон соли 2020 беш аз 888 тонна маҳсулоти cӯзишвории ғайристандартиро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, асосан сӯзишвории ғайристандартӣ дар нуқтаҳои фурӯши ғайрирасмӣ ошкор карда шудааст.
Ӯ афзуд, ки масъулини “Тоҷикстандарт” якҷоя бо дигар мақомот дар роҳҳои самти ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат ва дигар навоҳӣ санҷишҳо гузаронда, фурӯши ғайриқонунии маводи сӯхтро дар сари роҳу кӯчаҳо ошкор кардаанд.
Ба гуфтаи мақомдорони “Тоҷикстандарт”, онҳое, ки расман ба қайд гирифта шудаанду ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ камтар даст мезананд. Зикр шуд, ки худи нозирони “Тоҷикстандарт” дар миқёси ҷумҳурӣ соли гузашта 12 ҳазору 827 литр бензину 28 ҳазору 300 литр сӯзишвории дизелӣ ошкор кардаанд, ки ба талабот ҷавобгӯй набудааст.
Мақомот мегӯянд, дастандаркорон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар дода буд, ки феълан дар бозори сӯзишвории дизелӣ дар ҷумуҳурӣ 22 ширкат фаъолият мекунад ва тақрибан 20 ширкат дар кишвар ба интиқоли бензин машғуланд.
Ширкати бузургтарини ин бахш "Газпромнефт" -и Русия аст, ки қариб 32% тамоми бозори сӯзишвории Тоҷикистонро фаро мегирад.
Дар мавриди ҷаримаҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар соли 2020, ки нархҳоро беасос баланд кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 300 ҳазор зиёд аст.