https://sputnik.tj/20210205/Bonki-milli-Dushanbe-Plaza-kharid-1032765280.html
Бонки миллӣ бинои “Душанбе Плаза” - ро харидааст
Бонки миллӣ бинои “Душанбе Плаза” - ро харидааст
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, мегӯяд, Бонки миллии кишвар ба ҷои сохтмони бинои нав пурра бинои “Душанбе Плаза” - ро... 05.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-05T12:32+0500
2021-02-05T12:32+0500
2021-04-22T16:51+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
бонки миллӣ
бино
харидан
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c52e74b2ac92faed885a643210f4b9cf.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки миллии Тоҷикистон бинои "Душанбе Плаза" - ро аз ҳукумати пойтахт харид."Вайҳо ҳисоб карда метавонанд, барояшон ба фикрам сабуктар ғалтид, пурра "Душанбе Плаза" - ро хариданд", - изҳор дошт раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.Қаблан тарҳи як бинои ҷадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки гуфта мешуд, бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо котиботи Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки нияти сохтмони биноеро надоранд.Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ нагуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон "Душанбе Плаза" – ро ба ивази чӣ қадар маблағ харидааст. Танҳо изҳор дошт, ки харид тариқи музояда сурат гирифта, маблағ барояш маълум нест.Боғ ба ҷои бино: тахриби бинои ҷадиди Бонки миллӣ дар шаҳри ДушанбеБинои "Душанбе Плаза" аз ҷониби ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки марбути наздикони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик буд, бо маблағгузории давлат сохта шудааст."Душанбе Плаза" баландтарин бино дар Душанбе ба шумор меравад, ки баландияш 92 метру масоҳаташ 40 ҳазор метри мураббаъ арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20201120/Sobiq-khazinador-padari-serfarzand-va-uzvi-HKhDT-Rabari-navi-Bonki-mill-kist-1032312954.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_deec2bf2f2517b155cc1792615bde66a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, бонки миллӣ, бино, харидан, душанбе
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, бонки миллӣ, бино, харидан, душанбе
Бонки миллӣ бинои “Душанбе Плаза” - ро харидааст
12:32 05.02.2021 (Навсозишуда: 16:51 22.04.2021) Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, мегӯяд, Бонки миллии кишвар ба ҷои сохтмони бинои нав пурра бинои “Душанбе Плаза” - ро харидааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Бонки миллии Тоҷикистон бинои "Душанбе Плаза" - ро аз ҳукумати пойтахт харид.
"Вайҳо ҳисоб карда метавонанд, барояшон ба фикрам сабуктар ғалтид, пурра "Душанбе Плаза" - ро хариданд", - изҳор дошт раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.
Қаблан тарҳи як бинои ҷадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки гуфта мешуд, бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо котиботи Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки нияти сохтмони биноеро надоранд.
Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ нагуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон "Душанбе Плаза" – ро ба ивази чӣ қадар маблағ харидааст. Танҳо изҳор дошт, ки харид тариқи музояда сурат гирифта, маблағ барояш маълум нест.
Бинои "Душанбе Плаза" аз ҷониби ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки марбути наздикони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик буд, бо маблағгузории давлат сохта шудааст.
"Душанбе Плаза" баландтарин бино дар Душанбе ба шумор меравад, ки баландияш 92 метру масоҳаташ 40 ҳазор метри мураббаъ арзёбӣ мешавад.