Собиқ хазинадор, падари серфарзанд ва узви ҲХДТ: Раиси нави Бонки миллӣ кист?

© Администрация района Джалолиддин БалхиХоким Холикзода глава Национального банка Таджикистана с ноября 2020
Хоким Холикзода глава Национального банка Таджикистана с ноября 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои фармонҳо Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро аз мақоми раиси Бонки миллӣ барканор ва ба ин мансаб Холиқзода Ҳоким Ҳикматуллоро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки то имрӯз вазифаи муовинии Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро иҷро мекард, ҳамакнун ба курсии раҳбари Бонки миллӣ такя зад.

раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав

Дар ҳолномаи Ҳоким Ҳикматулло Холиқзода гуфта мешавад, ӯ муҳосиб, менеҷери молия ва қарз буда, 27 июли соли 1973 дар ноҳияи Ҷ.Румӣ таваллуд шудааст.

Бар асоси ҳолнома, соли 1990 мактаби миёнаи №51 — и ноҳияи Ҷалолиддин Румиро хатм намудааст.

Соли 1994 техникуми молиявӣ — иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳосиб, соли 2004 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ — менеҷер, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз, ҳамвора соли 2014 Академияи хизмати давлатии назди Презтденти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии кормандон хатм намудааст.

Номбурда фаъолияти меҳнатиашро соли 1995 дар муассисаи хуроки умумии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳосиби дараҷаи 2 оғоз намуда, соли 1996 ҳамчун муҳосиб дар итиҳодияи истеҳсолии ба номи “Зайнаббибӣ” — и шаҳри Душанбе, солҳои 1996 — 1998 ба ҳайси иқтисодчии калони шуъбаи қарзии “Тори — бонк” дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: барканории Одиназодаву Фақеров ва мансаби нави Давлатзодаю Қурбонзода

Фаъолияти меҳнатиашро дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” аз соли 1998 шуруъ намуда, дар вазифаҳои хазинадор, муҳосиб оид ба хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, муовини сармуҳосиби Идораи амалиётӣ кор кардааст.

Соли 2005 ба вазифаи сардори Идораи амалиётии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ва соли 2009 ба вазифаи Директори Департаменти хазинадории Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” таъйин гардида буд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, аъзои Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” таъйин гардид.

Тағйироти кадрӣ: барканории Одиназодаву Фақеров ва мансаби нави Давлатзодаю Қурбонзода

Аз 1 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб шуд ва аз 20 июни соли 2020 бо Фармони президенти Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардид.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд ва Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0