https://sputnik.tj/20210205/Bakhshi-sanoati-Khatlon-qarzi-maosh--1032763522.html
Бахши саноати Хатлон 10 миллион сомонӣ қарзи маош дорад
Бахши саноати Хатлон 10 миллион сомонӣ қарзи маош дорад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлон эълон доштааст, ки дар вилоят қарзи маош дар соҳаи саноат ба 10 миллиону 309 хазор сомонӣ баробар шудааст 05.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-05T09:40+0500
2021-02-05T09:40+0500
2021-04-19T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
саноат
хатлон
маош
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_7f4708f71a8fa010360fd3f963569e6f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар ин бора ахиран роҳбари Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, Ризозода Абдурозиқ зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.Ба гуфтаи вай, бештари қарзҳо дар корхонаи "Нуриҳи осиёи"-и шаҳри Левакант, корхонаи кимиёвии Ёвон "Тоҷиккемекал", Тоҷиктелеком ва дар бахши хизмати коммуналиву Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят мебошанд.Номбурда зикр кардааст, ки қарздорӣ дар соҳаи коммуналии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Ховалинг, Балхӣ ва Ҷайҳун бештар мебошад.Вай гуфт, тибқи моддаи 158 кодекси меҳнати Тоҷикистон ҳама ташкилоту идора, корхона ва дигар корфармоҳо навобаста аз шакли моликияташон бояд дар як моҳ як ё ду маротиба музди меҳнати кормандонро диҳанд, вале агар маош то панҷуми моҳ пардохт карда нашвад, он қарздорӣ ҳисобида мешавад.Ҷабри “вируси карона”: қарзи андоз дар Суғд зиёд шудаастРизозода Абдурозиқ таъкид доштааст, ки масъулони ташкилоту идораҳо, ки ба пардохти музди меҳнат вобаста шудаанд, онро қарздорӣ намедонанд, балки мегуянд ин ба таъхир андохтани пардохти маош аст, ки аз ҷониби онҳо дуруст нест.
https://sputnik.tj/20210113/Tojikistonbaroi-muzdi-mehnat-mablagi-beshtar-judo-kard-1032612691.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833338_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_cae889ad6e04ac22549f9e495f38a23e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саноат, хатлон, маош, қарздиҳӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саноат, хатлон, маош, қарздиҳӣ
Бахши саноати Хатлон 10 миллион сомонӣ қарзи маош дорад
09:40 05.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Мақомоти вилояти Хатлон эълон доштааст, ки дар вилоят қарзи маош дар соҳаи саноат ба 10 миллиону 309 хазор сомонӣ баробар шудааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар ин бора ахиран роҳбари Шӯрои иттифоқи касабаи вилояти Хатлон, Ризозода Абдурозиқ зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, бештари қарзҳо дар корхонаи "Нуриҳи осиёи"-и шаҳри Левакант, корхонаи кимиёвии Ёвон "Тоҷиккемекал", Тоҷиктелеком ва дар бахши хизмати коммуналиву Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят мебошанд.
Номбурда зикр кардааст, ки қарздорӣ дар соҳаи коммуналии ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён, Хуросон, Ховалинг, Балхӣ ва Ҷайҳун бештар мебошад.
Вай гуфт, тибқи моддаи 158 кодекси меҳнати Тоҷикистон ҳама ташкилоту идора, корхона ва дигар корфармоҳо навобаста аз шакли моликияташон бояд дар як моҳ як ё ду маротиба музди меҳнати кормандонро диҳанд, вале агар маош то панҷуми моҳ пардохт карда нашвад, он қарздорӣ ҳисобида мешавад.
Ризозода Абдурозиқ таъкид доштааст, ки масъулони ташкилоту идораҳо, ки ба пардохти музди меҳнат вобаста шудаанд, онро қарздорӣ намедонанд, балки мегуянд ин ба таъхир андохтани пардохти маош аст, ки аз ҷониби онҳо дуруст нест.