Коронавирус дошт? дар Тоҷикистон 85 тон гӯштро нобуд карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Хабарнигорон аз раиси Кумитаи озуқаворӣ дар бораи нобуд сохтани 85 тон гӯшт дар Тоҷикистон дар соли 2020 пурсон шуданд: тибқи сару садоҳо таркиби он коронавирус дошт
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Муҳаммадсаид Файзуллозода раиси кумитаи мазкур қазияи нобуд кардани ҳудудан 85 тон гӯштро таъйид кард, аммо гуфт, таркибаш коронавирус надошт.
Хакимзода Курбон председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии при правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2020
Хатлон дар шароити пандемия воридоти гандум, биринҷ ва гӯшти мурғро кам кардааст
Ба гуфтаи вай, гӯшти нобудшуда аз хориҷ ба кишвар оварда шуда буд, мутахассисони озмоишгоҳҳои  Кумитаи озуқаворӣ онро хатарнок донистанд ва дар нитиҷа нобуд карда шуд.
"36 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадие ки дар кишвар вуҷуд дорад, ҳамаи он маҳсулоти гуштие, ки ба кишвар ворид мешавад зери ташхис қарор мегирад, аммо  то имрӯз ягон ҳолате, ки дар маҳсулоти гуштӣ COVID-19 ошкор шуда бошад, нест", - таъкид кард вай.
Файзуллозода афзуд, гӯште, ки нобуд карда шудааст ба бемории ангалӣ (паразитӣ) рабт дошт.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2020, Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар ҳайвонот 7342 ҳодисаи бемории ангалӣ (паразитӣ) муайян кард.
Ба самбусапазҳо мефурӯхт: мусодираи 173 кг гӯшти пастсифат аз сокини Рӯдакӣ - навор
"Истеъмоли 26 ҳазор 248 кг гушти узвҳои дохилии ҳайвонот, аз қабили дил, гурда, шуш, ҷигарро манъ карда, онҳо забт ва нобуд кардем”-, афзуд Файзуллозода.
 Дар маҷмуъ, дар соли 2020 аз сӯйи мутахассисони озмоишгоҳҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти бе сифат, аз ҷумла 58 671, 7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 12 167,3 литр маҳсулоти ширӣ, 1368,0 литр равғани растанӣ, 24 251 дона тухми паранда 938,9, 2 кг моҳӣ, 680,5 кг асал ҳамчун маҳсулоти пастсифати барои саломатӣ хавфнок нобуд шуданд.
Лентаи хабарҳо
0