Муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳои Петербург бармегарданд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкРабочие на стройке
Рабочие на стройке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Нахустин гурӯҳи 430 нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Петербург ва вилояти Ленинград иҷоза гирифтанд
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik. Аввалин гурӯҳи 430 нафарии муҳоҷирон аз кишваҳои ИДМ ба сохтмонҳои Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград меоянд, менависад пойгоҳи "Фонтанка".
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Аввалин муҳоҷирини меҳнатӣ ба Русия сафар карданд: чӣ тавр ва ба кадом шаҳр?
Ҳамин тавр, ширкати таҳиягари Гурӯҳи ТСДС аз мақомоти федералӣ иҷозат гирифтааст.
Мутахассисони хориҷӣ метавонанд чунин намудҳои корҳоро ба монанди деворкунӣ, насби конструксияҳои оҳану бетони яклухт ва васлшаванда, коркард, бомпӯшӣ, сантехникӣ ва ёрирасониро иҷро кунанд.
Қобили зикр аст, ки пас аз омадани коргарони хориҷӣ ба Русия, аз ҳисоби таҳиягар, онҳо аз ташхиси коронавирус мегузаранд ва ду ҳафта дар карантин мемонанд.
Пас аз он, муҳоҷирон метавонанд ба кор шурӯъ кунанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бо ин иҷозатнома метавонанд то охири соли 2021 дар кишвар кор кунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки тақрибан сеяки ширкатҳои сохтмонии Русия кам шудани теъдоди коргарони хориҷиро бинобар пандемия ва баста шудани марзҳо қайд мекунанд.
Чӣ гуна муҳоҷирон аз Тоҷикистон метавонанд вориди Русия шаванд: посухи сафорат
Ҳукумати Русия низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркияро барои кор дар бахши сохтмон дар қаламрави Федератсияи Русия тасдиқ кард.
Инчунин, сарвазири Русия Михаил Мишустин дар бораи таҷдиди низоми шиносоии муҳоҷирон дар Русия хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0