ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Фарангис Исломова, сардори Раёсати равобити байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, субҳи имрӯз, 30 январ, 170 шаҳрванд аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои фаъолияти меҳнатӣ бо хатсайри Душанбе-Иркутск парвоз карданд.
"Сафари аввалин муҳоҷирин бо иҷозати Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз густариши КОВИД - 19, мусоидат ва ҳамкории зичи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии бакортаъминкунӣ ва Хадамоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ фароҳам шуд. Тамоми масъулини мақомоти зидахл соати 4 – и субҳи имрӯз шахсан дар расми гусели онҳо ширкат доштанд", - гуфт Фарнгис Исломова.
Марзи миёни Тоҷикистону Русия 18 марти соли 2020 барои ҳаракати шаҳрвандони ду кишвар баста шуда буд. Аз Тоҷикистон фақат шаҳрвандони Русия ва аз Русия вақат шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд парвоз кунанд.
Ҳоло 170 нафар аввалин шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки ба Русия барои муҳоҷирати корӣ сафар мекунанд.
Чӣ гуна муҳоҷирон аз Тоҷикистон метавонанд вориди Русия шаванд: посухи сафорат
Тибқи иттилои сардори Раёсати равобити байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, онҳо ба ширкатҳои "ДомостройПрофи" (28 нафар) – и шаҳри Иркутск, "ПромСтройМонтаж" (68) – и шаҳри Тулун, "СибСталСтрой" (24) – и деҳаи Грановшина, "СПМК-7" (50) – и шаҳри Иркутск эъзом шуданд.
"Заминаи эъзоми онҳо дар пайи кори муштараки мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва вилояти Иркутск, ҳамзамон намояндагиҳои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, консулгарии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Иркутск фароҳам шуд. Аз сӯи Русия тибқи супориши муовини губернатори Иркутск, намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ, авиатсия ва ниҳодҳои калидии Иркутск барои қабул ва ҷобаҷокунии ҷавонон вобаста шудаанд. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки мо суҳбат мекунам, онҳо бо иттифоқи ҳамкорони тоҷикашон мунтазири тайёра ҳастанд", - гуфт Фарангис Исломова.
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид
Ба қавли ӯ, муҳоҷирин нахуст дар Шифохонаи клиникии “РЖД-Медитсина” ва "БайкалПрофиТур"- и шаҳри Иркутск муоина ва 14 рӯз барои қарантина бистарӣ мешаванд.
"Сафари муҳоҷирон тибқи дархости ширкатҳои сохтмонии Русия анҷом дода шуд. Хароҷоти сафар, ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, 14 рӯз нигоҳ доштан дар қарантина ва санадсозиву панету ғайраро корфармо пардохт карда мешавад”, - гуфт Фарангис Исломова.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир боз 434 шаҳрванди кишвар иҷозаи расмии вуруд ва кор дар Иркутскро пайдо кардаанд ва онҳо дар ширкатҳои гуногуни сохтмонии ин вилоят машғул ба кор хоҳанд шуд.