https://sputnik.tj/20210204/Afghanistan-bozsozi-makonoi-tarikhi-kumak-khost-1032756273.html
Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои бозсозии маконҳои таърихӣ кумак хост
Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои бозсозии маконҳои таърихӣ кумак хост
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон барои бозсозии осори маконҳои таърихӣ аз кишварҳои ҳамсоя дархости кумак карданд 04.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-04T09:00+0500
2021-02-04T09:00+0500
2021-04-12T19:30+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
балх
ҳамсоя
дархост
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101486/96/1014869658_0:60:2936:1711_1920x0_80_0_0_076e12728bdf7a760557bed896b54c21.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Мутеурраҳмон Каримӣ, Раиси иттилооту фарҳанги Балх аз дастури раиси ҷумҳурии Афғонистон барои бозсозии хонақоҳи Баҳоуддин Валад, падари мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, шоиру орифи номдори порсигӯ дар вилояти Балх ва оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар Ғазнӣ хабар дод, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” дар истинод ба ба гузориши хабаргузории “Ово”.Мутеурраҳмон Каримӣ афзуд, ки дар ин замина Афғонистон аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя дархости кумак мекунад.Вай ҳамчунин илова кард, ки бозсозии хонақоҳи падари Мавлавӣ дар наздикии Мазори Шариф ва оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар Ғазнӣ илова бар фароҳам кардани заминаи иштиғол барои мардум, тавваҷуҳи ҷаҳонгардонро низ ҷалб хоҳад кард.Бар асоси навиштаҳои таърихӣ, хонақоҳи падари Мавлавӣ бо ҳамлаи муғулҳо вайрон шуд ва то кунун касе иқдом ба бозсозии он накардааст.Ҳашт сол қабл давлати Туркия барои бозсозии ин хонақоҳ чаҳор миллион доллар ихтисос дода буд, аммо ин кишвар то кунун барои бозсозии ин банно иқдоме накардаву ин хонақоҳ дар остонаи нобудии комил қарор гирифтааст.Толибон ба Маскав омаданд: тафсилотҲамчунин дар рӯзҳои ахир вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон омодагии ин вазоратхонаро барои кумак ба бозсозии усулии мақбараи Абурайҳони Берунӣ дар Афғонистон эълом кард.Дар солҳои ҷанг бисёре аз осори бостонии Афғонистон дар маърази хатар қарор гирифт ё нобуд шуд.
https://sputnik.tj/20210202/Afgoniston-Barqi-tojik-peshpardokht-arzonni-narkh-1032748611.html
балх
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101486/96/1014869658_0:0:2840:2130_1920x0_80_0_0_814ed4a0fe29394007f13593656e4a48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, балх, ҳамсоя, дархост, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, балх, ҳамсоя, дархост, афғонистон
Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои бозсозии маконҳои таърихӣ кумак хост
09:00 04.02.2021 (Навсозишуда: 19:30 12.04.2021) Мақомоти Афғонистон барои бозсозии осори маконҳои таърихӣ аз кишварҳои ҳамсоя дархости кумак карданд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Мутеурраҳмон Каримӣ, Раиси иттилооту фарҳанги Балх аз дастури раиси ҷумҳурии Афғонистон барои бозсозии хонақоҳи Баҳоуддин Валад, падари мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, шоиру орифи номдори порсигӯ дар вилояти Балх ва оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар Ғазнӣ хабар дод, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей” дар истинод ба ба гузориши хабаргузории “Ово”.
Мутеурраҳмон Каримӣ афзуд, ки дар ин замина Афғонистон аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя дархости кумак мекунад.
Вай ҳамчунин илова кард, ки бозсозии хонақоҳи падари Мавлавӣ дар наздикии Мазори Шариф ва оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ дар Ғазнӣ илова бар фароҳам кардани заминаи иштиғол барои мардум, тавваҷуҳи ҷаҳонгардонро низ ҷалб хоҳад кард.
Бар асоси навиштаҳои таърихӣ, хонақоҳи падари Мавлавӣ бо ҳамлаи муғулҳо вайрон шуд ва то кунун касе иқдом ба бозсозии он накардааст.
Ҳашт сол қабл давлати Туркия барои бозсозии ин хонақоҳ чаҳор миллион доллар ихтисос дода буд, аммо ин кишвар то кунун барои бозсозии ин банно иқдоме накардаву ин хонақоҳ дар остонаи нобудии комил қарор гирифтааст.
Ҳамчунин дар рӯзҳои ахир вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон омодагии ин вазоратхонаро барои кумак ба бозсозии усулии мақбараи Абурайҳони Берунӣ дар Афғонистон эълом кард.
Дар солҳои ҷанг бисёре аз осори бостонии Афғонистон дар маърази хатар қарор гирифт ё нобуд шуд.