Афғонистон ба “Барқи тоҷик” пешпардохт карду хостори арзонии нарх шуд

© klepoz672 / PixabayЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Ширкати “Барқи тоҷик” зимни як нома аз “Брешно”, ширкати барқи Афғонистон, изҳори сипос кардааст, ки пули чормоҳаи барқро пешпардохт кардааст
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳамтои афғонаш Аҳмад Довуд Нарзай ва тими ӯ барои ҳамкориҳои муштарак дар воридоти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва пули пешпардохти чаҳор моҳ – январ, феврал, март ва апрел изҳори ташаккур кардааст. Ин нома дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Раҳмон аз барқдуздии зиёд гуфт: 12 корманди шабакаҳои барқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
“Соли 2020 воқеан як соли осоне набуд. Бо ин вуҷуд, мо сахт кор кардем ва умед дорам, ки оянда низ ҳамин гуна ҳамкориамонро бо мушорикати амиқ идома медиҳем”, - навиштааст Мирзо Исмоилзода.
Дар пайи як тафоҳуми “Барқи тоҷик” ва “Брешно” аз 20 декабри соли 2020, ширкати афғонӣ масъулияти пешпардохти пули барқи воридотиро барои чор моҳи аввали соли 2021 ва ҷониби тоҷикӣ содироти барқи мутмаин ва биловақфаро ба вилоятҳои Тахор, Кундуз ва Бағлон ба зимма гирифтаанд. Ҳамзамон “Брешно” аз “Барқи тоҷик” хостааст, ки баъд аз чаҳор моҳи фавқуззикр қимати фурӯши барқро коҳиш диҳад.
Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз 20 июни соли 2008 созишномаи хариду фурӯши барқро ба имзо расонида буданд. Манобеи огоҳ мегӯянд, бино ба созишнома, ки ҷузъиёташ маълум нест, ҷониби афғонӣ 1 квт/соат барқро ба 4,1 сент аз ҷониби тоҷикӣ харидорӣ харидорӣ мекунад.

Соли душвор

Интизориҳои Афғонистон аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахирӣ аз моҳи июл ба ин сӯ ба далели камобии бесобиқа ба мушкили тавлиди барқ мувоҷеҳ шуда, ҳатто дар таъмини талаботи дохилиаш мушкил пайдо ва ҳатто расман маҳдудияти барқ эълон кардааст.
Кибербезопасность, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2021
Криптоасъордорони тоҷик ба давлат 4 миллион сомонӣ зарар расондаанд – видеои ВУД
Омори расмӣ аз коҳиши қобили мулоҳизаи тавлиди барқ шаҳодат медиҳад. Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли гузашта нерӯгоҳҳои кишвар 19 миллиарду 770,5 миллион кВт/соат, дар қиёс ба соли 2019 905,7 миллион кВт/соат кам барқ тавлид кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, содироти барқ аз ҷумҳурӣ ба кишварҳои ҳамсоя дар соли гузашта низ 1 миллиарду 528,4 миллион кВт/соатро ташкил додааст, ки тақрибан нисфи нишондоди соли 2019-ро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои “Брешно”, то пеш омадани камобӣ дар Тоҷикистон ин ширкат аз “Барқи Тоҷик” 90 мегават барқ дарёфт мекард.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, коҳиши содирот соли гузашта 48% дарсадро ташкил дода, интиқоли барқ танҳо ба Афғонистон ва дар ҳадди минималӣ идома дорад.
“Ин ҳам ба хотири нигоҳ доштани талаботи техникиву технологии хатти барқест, ки шабакаҳои барқии ду кишварро ба ҳам мепайванданд”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Тоҷикистон умдатан дар фасли гармо, ки талаботи дохилаш ба барқ коҳиш меёбад, содироти онро ба Афғонистон афзоиш медиҳад. 
Лентаи хабарҳо
0