https://sputnik.tj/20210203/mintaqa-khonavoda-tojikiston-1032751607.html
Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сарраёсати геологияи Тоҷикистон тавсияи медиҳад, ки бештар аз 600 хонавода дар кишвар ба маконҳои бехавф кӯчонида шаванд 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T13:47+0500
2021-02-03T13:47+0500
2021-07-13T12:23+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
хонавода
зиндагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102005/83/1020058303_0:157:2997:1842_1920x0_80_0_0_4f2f8ced47eeb6c2d5c165844b4dc165.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба 634 хонавода тавсия дода мешавад, ки аз маконҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчанд.Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон, Алимаҳмуд Ализода дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт."Чунин тавсияҳо мувофиқи нақшаи тарҳи "Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ" дода шуд", - таъкид дошт вай дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.Ноиби раиси Сарраёсат таъкид кард, ки мониторинг ва тадқиқоти муҳандисиву геологӣ дар асоси дархостҳо дар 870 деҳа, минтақаҳо ва кӯчаҳои шаҳру навоҳиҳо анҷом дода шуд.Ҳамин тавр, дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлону Суғд чунин тадқиқот анҷом дода шуданд.Дар натиҷа ба 643 хонавода тавсия дода шуд, ки ба минтақаҳои бехатар кӯчанд.Ализода таъкид кард, ки дар соли 2020 дар рафти анҷом додани корҳои гунгун ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта нашудааст.Ҳамчунин вай қайд кард, ки дар ҳудуди деҳаҳои Исмати Шариф ва Пушинги ноҳияи Данғара чоҳҳои 100-метра кофта шуданд.
https://sputnik.tj/20201127/Dah-million-dollar-baroi-kharidi-tajhizot-ba-khotiri-nazorati-kli-Sarez-1032356343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102005/83/1020058303_164:0:2831:2000_1920x0_80_0_0_61f1039f73acde6a6108f16e105d97c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, хонавода, зиндагӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, хонавода, зиндагӣ
Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон
13:47 03.02.2021 (Навсозишуда: 12:23 13.07.2021) Сарраёсати геологияи Тоҷикистон тавсияи медиҳад, ки бештар аз 600 хонавода дар кишвар ба маконҳои бехавф кӯчонида шаванд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба 634 хонавода тавсия дода мешавад, ки аз маконҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчанд.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати геологияи Тоҷикистон, Алимаҳмуд Ализода дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт.
"Чунин тавсияҳо мувофиқи нақшаи тарҳи "Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ" дода шуд", - таъкид дошт вай дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.
Ноиби раиси Сарраёсат таъкид кард, ки мониторинг ва тадқиқоти муҳандисиву геологӣ дар асоси дархостҳо дар 870 деҳа, минтақаҳо ва кӯчаҳои шаҳру навоҳиҳо анҷом дода шуд.
Ҳамин тавр, дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлону Суғд чунин тадқиқот анҷом дода шуданд.
Дар натиҷа ба 643 хонавода тавсия дода шуд, ки ба минтақаҳои бехатар кӯчанд.
Ализода таъкид кард, ки дар соли 2020 дар рафти анҷом додани корҳои гунгун ҳодисаҳои нохуш ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин вай қайд кард, ки дар ҳудуди деҳаҳои Исмати Шариф ва Пушинги ноҳияи Данғара чоҳҳои 100-метра кофта шуданд.