Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои хусусияти ифротию террористидошта ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевГенпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Обуна шудан
Соли сипаригашта дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Тибқи иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, соли сипаришуда 1 118 (1063) ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта ба қайд гирифта шудааст.
Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Корманди гумруку шариконаш миллионҳо сомониро рабудаанд: яке зиндону дуи дигар дар пайгард
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 55 адад ё 5% зиёдтар мебошанд.
Прокурор гуфт, дар ин давра ду ҷинояти сӯиқасд ба терроризм ва 20 ҷинояти маблағгузории терроризм ошкору ба қайд гирифта шуд.
Ӯ зимни нишасти хабарии ниҳоди тобеяш зикр кард, ки танҳо як моҳи охир даҳ нафар шаҳрвандони кишвар барои ҳамкорӣ "бо ҷинояткорон ва иғвоангезоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд", боздошт ва ҳабс карда шудаанд.
Ба гуфти прокурори генералӣ, боздоштшудаҳо маълумоти бардурӯғу иғвоангезона ба онҳо ирсол мекарданд.
Раҳмон аз барқдуздии зиёд гуфт: 12 корманди шабакаҳои барқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Номбурда гуфт, "вақтҳои охир ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҷониби афроди иғвогар ва ҷинояткорони дар хориҷ аз кишварбуда", бештар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0