https://sputnik.tj/20210202/Kormand-gumruk-somoni-zindonu-paygard-1032742810.html
Корманди гумруку шариконаш миллионҳо сомониро рабудаанд: яке зиндону дуи дигар дар пайгард
Корманди гумруку шариконаш миллионҳо сомониро рабудаанд: яке зиндону дуи дигар дар пайгард
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи пойтахт бо ҷурми азхудсозии маблағҳои давлатӣ корманди Хадамоти гумрук Нуъмонзода С. С-ро ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва ду тан шарики ӯ Ҳайдаров... 02.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-02T08:30+0500
2021-02-02T08:30+0500
2021-02-02T17:57+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101631/85/1016318501_0:0:3264:1836_1920x0_80_0_0_5ea8abd77cb15926a25e1092e7a37842.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон нозир — хазиначии бахши молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С. С. бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А. Н. ва деклорант Сафаров Ш. Р. даст ба азхудсозии маблағҳои давлатӣ кардааст.Ба гуфтаи прокурор, номбурдагон ғайриқонунӣ 21,7 миллион сомонӣ пардохти гумрукиро аз хазинаи Раёсат ба суратҳисоби 4 ширкати ба соҳибкор Ҳайдаров А. Н. тааллуқдошта гузаронида, ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ расидҳои қалбакии пардохти гумрукӣ додааст.Номбурдагон бо ин роҳ 31 миллион сомонӣ маблағи пардохти гумрукиро ба буҷет ворид накарда, аз они худ намудаанд, афзудааст, Юсуф Раҳмон.Ба иттилои манбаъ, пардохтҳои гумрукӣ ҳамчун ҷузъи муҳими даромади буҷет маҳсуб ёфта, риояи қонун дар ин самт таҳти назорати доимии прокуророн қарор дорад.Миллионҳо даромади мансабдороне, ки роҳбари гуруҳҳои ҷиноӣ шуданд: ном ба ном“Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 3 159 (2663) ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 124 (144) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 46,7 (33,5) миллион сомонӣ зарар барқарор карда шуд”,- мегӯяд, номбурда.
https://sputnik.tj/20210131/Gulomov-intiqol-million-dollar-million-dolya-Isoev-1032732284.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101631/85/1016318501_245:0:2693:1836_1920x0_80_0_0_a74ad9e0a8fd43752b1647f4eae0825d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Корманди гумруку шариконаш миллионҳо сомониро рабудаанд: яке зиндону дуи дигар дар пайгард
08:30 02.02.2021 (Навсозишуда: 17:57 02.02.2021) Додгоҳи пойтахт бо ҷурми азхудсозии маблағҳои давлатӣ корманди Хадамоти гумрук Нуъмонзода С. С-ро ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва ду тан шарики ӯ Ҳайдаров А.Н. ва Сафаров Ш.Р-ро дар кофтуков қарор додааст
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон нозир — хазиначии бахши молиявию хоҷагии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Нуъмонзода С. С. бо суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо соҳибкор Ҳайдаров А. Н. ва деклорант Сафаров Ш. Р. даст ба азхудсозии маблағҳои давлатӣ кардааст.
Ба гуфтаи прокурор, номбурдагон ғайриқонунӣ 21,7 миллион сомонӣ пардохти гумрукиро аз хазинаи Раёсат ба суратҳисоби 4 ширкати ба соҳибкор Ҳайдаров А. Н. тааллуқдошта гузаронида, ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ расидҳои қалбакии пардохти гумрукӣ додааст.
Номбурдагон бо ин роҳ 31 миллион сомонӣ маблағи пардохти гумрукиро ба буҷет ворид накарда, аз они худ намудаанд, афзудааст, Юсуф Раҳмон.
Ба иттилои манбаъ, пардохтҳои гумрукӣ ҳамчун ҷузъи муҳими даромади буҷет маҳсуб ёфта, риояи қонун дар ин самт таҳти назорати доимии прокуророн қарор дорад.
“Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 3 159 (2663) ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, 124 (144) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 46,7 (33,5) миллион сомонӣ зарар барқарор карда шуд”,- мегӯяд, номбурда.