https://sputnik.tj/20210203/Non-istemol-voridot-ord-gandum--1032754370.html
Нон зиёд истеъмол шуд? мақомот аз воридоти орду гандуми зиёд хабар дод
Нон зиёд истеъмол шуд? мақомот аз воридоти орду гандуми зиёд хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид гардидааст 03.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-03T17:40+0500
2021-02-03T17:40+0500
2021-04-19T16:53+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
орд
ворид
гандум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032507942_2:0:2994:1683_1920x0_80_0_0_9dad71a1a6f9d26656a45e824303c32e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон ба андозаи 19,1% ва орд - 4,8% зиёд шуд.Гуфта шуд, ки нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд - 261 долларро ташкил дод.Манбаъ зикр кардааст, ки ба воридоти гандум ба кишвар 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд - 50 субъект машғул шуданд.Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки наздики 94 дарсади гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст.Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95 дарсад, Русия – 5 дарсад ва Ӯзбекистон - 0,3 дарсад сурат гирифтааст.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Агентии омори кишвар дар соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб 14% боло рафта буд.
https://sputnik.tj/20210105/Az-255-to-260-somon-arzishi-ord-dar-Tojikiston-boz-kimat-shud-1032580560.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032507942_376:0:2620:1683_1920x0_80_0_0_a48da47e7b4fda1c51580f3b787e1f5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, орд, ворид, гандум
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, орд, ворид, гандум
Нон зиёд истеъмол шуд? мақомот аз воридоти орду гандуми зиёд хабар дод
17:40 03.02.2021 (Навсозишуда: 16:53 19.04.2021) Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон ба андозаи 19,1% ва орд - 4,8% зиёд шуд.
Гуфта шуд, ки нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд - 261 долларро ташкил дод.
Манбаъ зикр кардааст, ки ба воридоти гандум ба кишвар 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд - 50 субъект машғул шуданд.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки наздики 94 дарсади гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95 дарсад, Русия – 5 дарсад ва Ӯзбекистон - 0,3 дарсад сурат гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Агентии омори кишвар дар соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб 14% боло рафта буд.