Аз 255 то 260 сомонӣ: арзиши орд дар Тоҷикистон боз қимат шуд

© Sputnik / Джон Траст / Гузариш ба медиабонкМука. Архивное фото.
Мука. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз оғози соли нав арзиши орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гаронтар шуд. Ҳоло шаҳрвандон як халта ордро ба қимати аз 255 то 260 сомонӣ харидорӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Нархи як халта орди 50 килоии тавлиди дохилӣ дар бозорҳои Тоҷикистон 255 сомонӣ арзиш дорад, хабар медиҳад агентии Авесто.

Торговля на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
Орд 220 ва гӯшт 55 сомонӣ: дар бозори Душанбе ярмаркаи маҳсулоти арзон ташкил шуд

Ба иттилои манбаъ, арзиши орди Қазоқистон дар бозорҳо 260 сомонӣ аст. Ба ҳамин минвол, нархи орд дар аввали соли ҷорӣ дар  муқоиса бо авохири соли гузашта ба андозаи 10 сомонӣ гарон шудааст.

Бар асоси гузориши хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2020 аз хориҷ, ба вижа Қазоқистон 874 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қабл 8 дарсад камтар аст.

Аммо воридоти орд аз Қазоқистон дар ин муддат 78 ҳазору 100 тонна эълом шуда, ки назар ба соли гузашта 18 дарсад зиёдтар аст.

“Авесто гуруҳ” дар бозори орд: ваъда барои таъмини талаботи дохилӣ ва содироти он

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон 846 ҳазору 600 тонна гандум тавлид шудааст.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна аст, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.

Лентаи хабарҳо
0