https://sputnik.tj/20210201/masjido-tojikiston-boz-1032733616.html
Баъди 9 моҳи интизорӣ: намозгузорон ибодаташонро дар масҷидҳо гузоштанд
Баъди 9 моҳи интизорӣ: намозгузорон ибодаташонро дар масҷидҳо гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси тӯлонӣ дари масҷидҳо боз ба рӯи намозгузорон боз шуд. Вале риояи тамоми чораҳои беҳдоштиву санитарӣ, шарти асосии фаъол мондани... 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T10:30+0500
2021-02-01T10:30+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
масҷид
намоз
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/43/1029624335_0:64:1620:975_1920x0_80_0_0_538f2e5f68d30c715d03b4cdbb6efe71.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шудЁдовар мешавем, Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳоДар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 9 моҳ намозгузорон имкон пайдо карданд, ки дастаҷамъона ба масҷидҳо рафта, ибодаташонро ба ҷо оранд.
https://sputnik.tj/20210125/masjid-imomkhatibon-Khujand-1032690404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/43/1029624335_110:0:1550:1080_1920x0_80_0_0_f09a827c8b47b76b0e54e46bad8aaae4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, масҷид, намоз, кумитаи дин
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, масҷид, намоз, кумитаи дин
Баъди 9 моҳи интизорӣ: намозгузорон ибодаташонро дар масҷидҳо гузоштанд
10:30 01.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси тӯлонӣ дари масҷидҳо боз ба рӯи намозгузорон боз шуд. Вале риояи тамоми чораҳои беҳдоштиву санитарӣ, шарти асосии фаъол мондани ибодатгоҳҳо гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.
Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.
Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.
Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.
Ёдовар мешавем, Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.
Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.
Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.
Ҳамакнун, бо гузашти беш аз 9 моҳ намозгузорон имкон пайдо карданд, ки дастаҷамъона ба масҷидҳо рафта, ибодаташонро ба ҷо оранд.