ВУХ: аз ҳамкорӣ бо СҶБ то пешгирӣ аз коронавирус баррасӣ шуд

© МИД РТЗамминистр иностранных дел РТ встретился с представителем ВОЗ в Таджикистане
Замминистр иностранных дел РТ встретился с представителем ВОЗ в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Обуна шудан
Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи кишвар масаъали пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавирусро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хоириҷаи Тоҷикистон имрӯз, 1 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СҶБ) дар Тоҷикистон Виктор Олсавскиро дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) табодули афкор намуданд.
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Дархости роҳбари СҶБ: нахуст пирону табибонро бо ваксин таъмин кунед
Ёдарс мешавем, ки чанде пеш намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон боз иваз шуд. Ба курсии Бахтигул Карриева, Виктор Олсавский такя зад
Таъйин шудани намояндаи нави СҶБ дар Тоҷикистон дар ҳолест,  ки моҳи май Галина Перфилиева аз мақом рафт ва ба ҷойи ӯ Бахтигул Карриева омада буд.
Манбаъ меафзояд, Бахтигул Карриева моҳи ноябри соли гузашта дар вилояти Суғд гирифтори коронавирус шуд. Намояндаи СҶБ табобатро нахуст дар хона гирифт, вале пас аз бад шудани вазъаш ӯро дар беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе хобонданд. Ахиран ӯ ба Капенгаген кӯчонда шуд.
Виктор Олсавский 61 сол дорад ва аз соли 1997 намояндаи СҶБ дар Босния ва Ҳерзеговина раҳбарӣ мекунад. Ҳангоми кор дар ин кишвар, ӯ инчунин ба намояндагиҳо дар Того, Ҷумҳурии Молдова ва Ӯзбекистон кумак кардааст.
Дар охири моҳи декабри соли 2020, дар натиҷаи интихоби озмун, ӯ ба ҳайси намоянда дар Тоҷикистон таъин шуд.
Олсавский доктори илмҳои тандурустии ҷамъиятӣ буда, номзади илмияшро дар мавзӯи "Профили ҳамшираҳои шафқат дар Руминия" ҳимоя кардааст.
Солҳои 1981-1987 дар Донишгоҳи тиббӣ таҳсил намуда, солҳои 2001-2002 Донишгоҳи Бухарестро хатм намудааст. Дараҷаи магистр дар соҳаи менеҷменти хидматрасонии иҷтимоӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0