Дархости роҳбари СҶБ: нахуст пирону табибонро бо ваксин таъмин кунед

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, кишварҳое, ки ваксинаи зидди коронавирусро дастрас мекунанд, нахуст пирону табибонро бо он таъмин созанд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тедрос Аданом Гебресиесус Раҳбари СҶБ мегӯяд, дар шароити интиқоли маҳдуди ваксинаи зидди коронавирус, пеш аз ҳама, бояд кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон бо ваксина таъмин карда шаванд.

Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech - Sputnik Тоҷикистон
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

Роҳбари СҶБ дар ин бора зимни брифинге дар шаҳри Женева иброз дошта, аз кишварҳои ҳамроҳ ба механизми байналмилалии COVAX ва бо дигар давлатҳо даъват намуд, ки инро ба инобат гиранд.

Семёнов гуфт, ки мӯҳлати интиқоли ваксина аз Русия ба Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст

"Шумораи бештари ваксинаи зидди COVID-19 истеҳсол мегардад ва барои ҳама кофӣ хоҳад буд. Аммо, ваксинаҳо ҳоло дар ҳаҷми маҳдуд истеҳсол шудаанд. Мо бояд онҳоро то ҳадди имкон самаранок ва одилона тақсим кунем",- изҳор доштааст роҳбари СҶБ.

Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар  ва ё 20 фисади аҳолии Тоҷикистон бо ваксина таъмин мешаванд.

Қайд гардид, ки ба гурӯҳи одамоне, ки алайҳи коронавирус эм мегиранд, кормандони соҳаи тиб, маориф, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва аҳолии аз 50  - сола боло шомил мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0