https://sputnik.tj/20210201/Vazorat-Tajikistan-naft-istikhroj--1032738172.html
Вазорат: Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ кард
Вазорат: Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки истихроҷи нафт нисбат ба соли қабли афзоиш ёфтааст 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T15:50+0500
2021-02-01T15:50+0500
2021-07-29T13:22+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
энергетика
нафт
ихроҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/82/1030918206_58:0:3699:2048_1920x0_80_0_0_2504a2c69d9ff505b096dea5890de1c8.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бино бар иттилои масъулини вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 1169 тонна зиёд мебошад.Гуфта шудааст, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гаҳзи моеъ дар маҷмӯъ 1072 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки аз миқдор 652 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 420,579 ҳазор тонна гази моеъро ташкил медиҳад.Ҳамзамон, иттилоъ дода шудааст, ки барои таъминоти аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ва корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 225 миллион кубометр гази табиӣ варид карда шудааст.Қайд шудааст, ки дар соли равон бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи ҳукумати кишвар чоҳи нафтии №17и майдони Маҳрам бо чуқурии 4900 метр мавриди истифода қарор дода мешавад.Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар бозори кишвар боқӣ мемонад. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ва дигар кишварҳо интиқол дода мешавад.
https://sputnik.tj/20201226/Rusiya-soli-oyand-nazdiki-1-million-tonna-naft-biduni-boji-gumruki-ba-Tojikiston-medihad-1032531196.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103091/82/1030918206_513:0:3244:2048_1920x0_80_0_0_90c2fb569fd87ab211795839882bdf76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, энергетика, нафт, ихроҷ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, энергетика, нафт, ихроҷ
Вазорат: Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ кард
15:50 01.02.2021 (Навсозишуда: 13:22 29.07.2021) Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, ки истихроҷи нафт нисбат ба соли қабли афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бино бар иттилои масъулини вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар соли гузашта 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 1169 тонна зиёд мебошад.
Гуфта шудааст, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гаҳзи моеъ дар маҷмӯъ 1072 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки аз миқдор 652 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 420,579 ҳазор тонна гази моеъро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шудааст, ки барои таъминоти аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ва корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми 225 миллион кубометр гази табиӣ варид карда шудааст.
Қайд шудааст, ки дар соли равон бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи ҳукумати кишвар чоҳи нафтии №17и майдони Маҳрам бо чуқурии 4900 метр мавриди истифода қарор дода мешавад.
Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар бозори кишвар боқӣ мемонад. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ва дигар кишварҳо интиқол дода мешавад.