Русия соли оянд наздики 1 миллион тонна нафт бидун боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон медиҳад

© Sputnik / Михаил Мокрушин / Гузариш ба медиабонкЦистерны с топливом
Цистерны с топливом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми соли оянда Русия ба Тоҷикистон наздики як миллион тонна маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи гумрукӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтӣ, ки соли 2021 бидуни боҷи гумрукӣ вориди Тоҷикистон мешавад, 830 ҳазор тонна гуфта мешавад, хабар медиҳад, “Ховар” дар такя ба хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.

Работа нефтяных станков - качалок - Sputnik Тоҷикистон
Бештар тиллои сиёҳ зарур аст: Тоҷикистон зиёд нафт мехараду истеҳсол мекунад

Тоҷикистон 260 ҳазор тонна бензини автомобилӣ, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавопаймо, 30 ҳазор тонна равғани гармидиҳанда, 40 ҳазор тонна битуми нафтӣ, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ хоҳад гирифт, афзудааст манбаъ.

Соли 2013 Тоҷикистон ва Россия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар самти интиқоли маҳсулоти нафтӣ аз Россия ба Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Созишнома шароити таъминоти бебоҷи маҳсулоти нафтиро дар ҳаҷми умумии эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон муайян мекунад. Қариб ҳар сол дар ин созишнома оид ба ҳаҷми интиқоли маҳсулоти нафтии Росссия ба бозори Тоҷикистон тағйир ворид карда мешавад.

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

Бар пояи иттилои, Regnum соли оянда Россия ба Қазоқистон 910 ҳазор тонна, ба Арманистон 352,4 ҳазор тонна, ба Абхазистон 86 ҳазор тонна, ба Қирғизистон 1,1 млн. тонна, ба Осетияи Ҷанубӣ 11,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ирсол хоҳад кард.

Вазорати энергетика гуфт, Тоҷикистон чи қадар нафт истеҳсол ва чи қадар воридот кардааст

Ҳамзамон дар баробари ин, Арманистон 2,45 миллиард метри мукааб ва Осетияи Ҷанубӣ 41,66 миллион метри мукааб гази табииро бидуни боҷ хоҳанд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0