Паҳлавон: Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо шуд

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков номашро бо ҳарфҳои заррин дар таърихи ҷудои тоҷик сабт намуд. Сомон аввалин ҷудочӣ аз Тоҷикистон шуд, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо байни ҷавонон сазовори медали тилло гардид

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Паҳлавони шинохтаву маҳбуб Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, ки дар Марокаш ҷараён дорад, сазовори медали тилло гардид.

Бино ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомон 17 октябр дар қувваозмоӣ дар вазни 73 кило дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кеп Верд (Семедо Клаудиано), Қирғизистон (Асад Масабиров), Белгия (Абдул Малик Умаев), дар чорякфинал бар намояндаи Италия (Эдуардо Мелла), дар нимниҳоӣ бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар даври ниҳоӣ бар Георгий Элбакиев аз Русия дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор гардид.

Медалҳои биринҷиро дар вазни -73 кг Эдуардо Мелла аз Италия ва Виктор Стерпу аз Молдова ба даст оварданд.

Сомон Махмадбеков, Чемпион Европы по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми ҷаҳон барои Тоҷикистон

Воқеан, дар таърихи ҷудои кишвар ин аввалин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар ҳамаи синну сол аз Қаҳрамонии ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни бузургсолон, ки аз 25-уми август то 1-уми сентябри имсол дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, дар вазни то 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи панҷумро касб намуд.

Чанд хол намерасад? Паҳлавонҳои тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

Ӯ соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни навҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гардид, дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дзюдочиёни тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон мақоми панҷумро касб намуданд

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Спортсмен Сомон Махмадбеков посетит Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Медали тиллои Сомон Маҳмадбеков аз Ҷоми Осиё

Сомон Маҳмадбеков феълан дар раддабандии ҷаҳонӣ бо 1844 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дорад. Вай мавқеашро дар раддабандии олимпӣ низ хеле беҳтар кард ва бо 1366 имтиёз дар ҷойи 22-юм мебошад.

Медал биёру маблағ гир: Эмомалӣ Раҳмон аз 50 то 150 ҳазор сомонӣ медиҳад

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон (U-21) то 20 октябр идома мекунад.

Дар чемпионат 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардидаанд.

Дар рӯзи аввал Ҷамолиддин Абдуллоев ва Идибек Сафаров дар вазни -66 кило куштӣ гирифтанд, вале аз медал бенасиб монданд.

Ҷамолиддин пас аз ду ғалаба дар даври сеюм, Идибек бошад, дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд. Дар вазни -73кг варзишгари дигарамон Қоим Шукронов дар даври аввал аз ҳарифи амрикоияш мағлуб шуд.

Имрӯз – 18 октябр – ду варзишгари дигари кишвар - Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг рақобат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0