Беш аз 100 миллион кВт соат дар як сол: дар шаҳри Душанбе масрафи барқ афзоиш ёфт

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкУстановка умных счетчиков на ЛЭП
Установка умных счетчиков на ЛЭП  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душанбе дар гузориши ахири худ эълон кардааст, ки масрафи барқ дар пойтахт ба 3,1 миллиард кВт соат расидааст

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Бино бар иттилои шаҳрдории Душанбе, дар соли ҷорӣ аз тарафи ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” дар маҷмӯъ ба миқдори 3,1 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,8 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Гуфта шудааст, ки хароҷоти технологии (талафот) барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,0 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ кам мебошад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури қатъии Раҳмон ба вазорат ва "Барқи тоҷик": нигаронӣ аз ҷамъоварии пули барқ

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 740,6 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад, 643,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 86,8 фоизи нақша баробар мебошад.

“Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 377,1 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 328,7 миллион сомонӣ ё 87,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад”, - зикр намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 1,2 миллион Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,1 фоиз зиёд будаааст.

Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 51,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 14,6 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 36,7 миллион сомонӣ интиқол гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0