Дастури қатъии Раҳмон ба вазорат ва "Барқи тоҷик": нигаронӣ аз ҷамъоварии пули барқ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, ки талафоти нерӯи барқ дар кишвар зиёд буда вазъи ҷамъоварии маблағ аз муштариён ҷавобгӯи талабот нест

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, президент ин нуктаро дар маҷлиси васеи Ҳукумати изҳор доштааст.

Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон нақша дорад интиқоли нерӯи барқ ​​ба Афғонистонро афзоиш диҳад

Ба иттилои манбаъ, зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетикаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки сатҳи талафоти нерӯи барқ ҳанӯз зиёд буда, хеле ташвишовар мебошад. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ аз ҳисоби муштариён бошад, ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об супориш дода шуд, ки якҷо бо Ширкати “Барқи Тоҷик” ва дигар корхонаҳои соҳа истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, коҳиш додани талафоти техникиву тиҷоратӣ, ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда ва ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва баҳисобгирии он, инчунин, кам кардани қарзҳои дебиторию кредитории соҳаро қатъӣ таъмин намояд.

Мақомоти шаҳри Душанбе: қарзи сокинон аз масрафи барқ ба 95 миллион сомонӣ расид

Ҳамчунин президент даструр додааст, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика, корхонаҳои соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва васеъ ҷорӣ намудани технологияву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ вусъат диҳанд.

Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон
Шабдолов роҳи ҳалли камбуди барқ дар Тоҷикистонро нишон дод: ин "Роғун" нест

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

Президент ҳамзамон вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа, раиси Ширкати холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода ва директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзодаро доир ба дарёфти роҳҳои самарабахши истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ, ҷалби сармоя, бунёди неругоҳҳои нав ва кам кардани талафоти неруи барқ, тақвияти корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда муваззаф гардонидааст.

Ёдовар мешавем, президент зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони кишвар ба ин масъала дахл карда гуфт, кишвар нерӯи барқи кофӣ дорад, аммо бинобар талафоти зиёд мушкилиҳо пеш меоянд. 

Барқ боз гарон мешавад? дар Тоҷикистон ҳисобкунакҳои ҳушманд насб мекунанд

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Лентаи хабарҳо
0