Рубл боз поин рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро барои имрӯз ълон кард

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкДоллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондоди ин ниҳоди молии кишвар, арзиши рубл, ки дар оғизи соли ҷорӣ боло рафта буд, дубора ба нишондодҳои моҳи декабри соли гузашта поин омад

ДУШАНБЕ, 29 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1474 сомонӣ нишон дода шудааст.

Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии иқтисодшинос аз ҷаҳиши боварнакардании долларро то моҳи феврал

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6854 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1474 то 0.1505 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1480- 0,1505 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1510 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1470 то 0,1535 сомонӣ нишон дода шудааст.

Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Лентаи хабарҳо
0