Дар Кобул дар як рӯз чаҳор ҳамлаи террористӣ рух дод

© AP / Rahmat GulОкровавленный флаг талибов на окне университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение
Окровавленный флаг талибов на окне университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манбаъҳо мегӯянд, ки дар ин ҳодиса мошини беморхонаи солимии равонӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва се табиб маҷрӯҳ шуданд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Рӯзи гузашта дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон чаҳор таркиш рух додааст, гузориш медиҳад tolonews.com.

Таркиши чорум дар Кобул соати тақрибан 17:00 дар минтақаи Гулоии дорухонаи Кобул рух дод.

Манбаъҳо мегӯянд, ки дар ин ҳодиса мошини беморхонаи солимии равонӣ  ҳадафи ҳамла  қарор гирифт ва се табиб маҷрӯҳ шуданд.

Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Таркиш дар Кобул: боз як мақомдори афғон террор шуд

Таркиши аввал тахминан соати 8-и субҳ дар минтақаи Диспечерии  ноҳияи 15-уми Кобул рух дод. Дар ин ҳодиса ду корманди полис ва як ғайри низомӣ маҷрӯҳ шуданд.

Пас аз як соати таркиши аввал, таркиши дуввум низ дар ноҳияи 15 -уми Кобул рух дод ва мошини Идораи муҳофизати омма мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи ин таркиш ду полис кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд.

Таркиши сеюм тақрибан соати 15 дар чорроҳаи Ансорӣ дар шаҳри нави Кобул рух дод. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол Tolo News навиштааст, ки мувофиқи маълумоти Комиссияи мустақили ҳуқуқи инсон, кушторҳои мақсаднок дар кишвар 50 фоиз афзудаанд.

Афзоиши ҳамлаҳои террористӣ ва кушторҳои мақсаднок дар кишвар боиси зиёд шудани танқиди ҳукумат ва мақомоти амниятии Афғонистон  гардидааст.

Иштирокчиёни ҷаласаи дирӯзаи кумитаи роҳбарияти Шӯрои олии оштии миллӣ низ қисмате аз баромадҳои худро ба ин масъала бахшидаанд.

Аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии оштии миллӣ, шиддат гирифтани ҳодисаҳои террористӣ ва кушторҳои ҳадафнокро эътироф кард ва гуфт, ки ин вазъ ғайри қобили қабул аст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба таҳқиқи қатлҳои ҳадафноки ахир дар Кобул ва вилоятҳо даъват кард: "Имрӯз бомбаҳо таркиданд. Бешубҳа қурбониҳо ҳастанд ва ин зиндагии мардуми Афғонистон аст".

Афганские силовики на месте происшествия после вооруженного нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Муовини волии Кобул ва ёвараш дар паи таркиш кушта шуданд

Муҳаммад Муҳақиқ, роҳбари Ҳизби ваҳдати Исломии Афғонистон низ гуфт: "Рӯзе нест, ки дар Кобул таркиш ва куштор набошад. Субҳи имрӯз, вақте ки мо ба ин нишаст меомадем, дар ғарби Кобул ду таркиш рух дод".

Муовини собиқи раисиҷумҳур Муҳаммад Юнус Қонунӣ ва маршал Абдулрашид Дӯстум, роҳбари Ҳаракати миллии исломии Афғонистон таъкид карданд, ки нақшаҳои амнияти кишвар, махсусан пойтахт ноком шуданд ва бояд бознигарӣ шаванд.

Юнус Қонунӣ гуфт: "Мардум аз вазъи бади амниятӣ хаста шудаанд ва маъмурони давлатӣ бояд роҳи наҷот аз ин вазъро пайдо кунанд. Масъулини ҳукумати мо бояд барои наҷоти ин сарзамин чорае пайдо кунанд”.

Лентаи хабарҳо
0