ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино ба гузориши полиси Кобул, ин руйдодсубҳи имрӯз дар Микрорайони чаҳоруми ноҳияи 9-уми амниятии Кобул рух додааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Афғонистон tolonews.
Субҳи имрӯз муовини волии (губернатори) Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ ва ёвараш дар як инфиҷор ҷон бохтанд.
Тибқи иттилои полиси Кобул, ин ҳодиса тақрибан соати 9:40 дақиқаи субҳи имрӯз (сешанбеи 15 декабр) дар ҳудуди Микрорайони чаҳоруми ноҳияи 9-уми амниятии Кобул ҳангоме рух дод, ки минаи магнитии дар мошини Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ гузошташуда таркид.
Зери барф монданд: ҷасади чаҳор марзбони афғон дар вилояти Бадахшон пайдо шуд
Пулиси Кобул мегӯяд, ки ду посбони Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ низ дар ин инфиҷор захмӣ шуданд.
То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла "Толибон", (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.