ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.
Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад.
Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад
Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.
"Ба соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ сабукиҳо дода шавад", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд будани саҳми бахши хусусӣ дар ММД тавсиф карда гуфт, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 70 фисад, ташкил кардани ҷойҳои корӣ 68 дарсад ва даромадҳои андозӣ ба буҷаи давлат 80 фисад аст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Парлумони Тоҷикистон бандеро, ки ба иддаои раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, сарбории андоз аз соҳибкоронро зиёд мекард, аз Кодекси андоз хориҷ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи моҳи майи 2019 дар мулоқот бо кормандони молия ва андоз аз сарбории андоз танқид карда буд.
“Мутобиқи моддаи 109 Кодекси андози амалкунанда меъёри андоз аз фоидаи фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо 13 фоиз ва дигар намудҳои фаъолият 23 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ муайян карда шудааст”, - иқтибос оварда буд Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуда буд, ки "тибқи таҳлилҳо маҳз ҳамин муқаррарот оид ба андозбандии "на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ" ба баланд шудани сарбории андози фоидаи соҳибкорӣ таъсир мерасонад".
"Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф кардани духӯрагӣ дар раванди ситонидани андоз аз фоида аз Кодекси андоз хориҷ намудани мафҳуми "вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ" мувофиқи мақсад мебошад", - изҳор дошт раисиҷумҳур.