Раиси Маҷлиси намояндагон: Кодекси нави андоз то охири сол пешниҳод мешавад

Обуна шудан
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, аз ҳадафҳое гуфт, ки соли равон намояндагони мардумӣ пеш гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Зокирзода дар ҷаласаи ахири парлумон зимни ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба масъалаи дастгирии бахши хусусӣ таъкид кард.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Имтиёзҳои замони COVID - 19 ва ҷавобгарӣ барои нақзи "карантин": Раҳмон 22 қонун имзо кард

Ӯ аз паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, иқтибос овард, ки “Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад”.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзуд, ҳоло дар ин замина барои таҳияи Кодекси нави андоз кор идома дошта, то охири соли равон он бояд пешниҳод карда шавад.

Ӯ инчунин ҳушдор дод, ки дар пайи хуруҷи  COVID-19 бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо  вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад.

Лентаи хабарҳо
0