ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури кишвар ин нуктаро зимни паёми солонааш ба парлумон, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро ғайриқаноатбахш номид.
Раисиҷумҳур ба ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута супориш дод, ки барои рафъи камбудиҳо ва суръати корҳо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Раҳмон гуфт, баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ механдиданд: шарҳ дод, ки чаро
Ӯ ҳамзамон гуфт, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон авф бо мақсади қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо гузаронида хоҳад шуд.
Ба гуфти ӯ, дар 30 соли истиқлоли кишвар танҳо як маротиба чунин иқдом сурат гирифта буд: "Ҳатто кишварҳои абарқудрат дар ин 30 сол 10-15 маротиба гузаронданд. Чанд сол пайиҳам".
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мақсади асосӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодӣ миллӣ мебошад.