“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Обуна шудан
Дар суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон маъмулан нуктаҳои ҷолиб аз матни сомонааш ва ё пахши такрории телевизионҳои расмӣ ҳазф мешаванд. Ҳол он ки маҳз дар ҳошияравиҳои ӯ аз матн гуфтаниҳо, балки ногуфтаниҳои ӯ садо медиҳанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар ин ҳошияравиҳо эҳсоси шодиву ғам ва хашму нигарониҳояшро баён медорад, аммо ба назар мерасид, ки дар Паёми имсолаи ӯ бештар аз ҳама изтироби худро аз ояндаи кишвараш бештар ба намоиш гузошт. Sputnik Тоҷикистон ба бархе аз муҳимтарини нуктаҳои ҷолиби Паёми ӯ пардохт. 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз пандемияву буҳрон гуфт: ҷаҳон чунинро тайи сад сол ёд надошт

Раҳмон нахуст як “нуктаи нозук ва муҳим” – ро дар бораи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон баён кард. Вай гуфт, соли 2020 дар пайи пандемияи “вируси корона” 80% - и муҳоҷирин натавонистанд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд.

“Ман ба шумо нуктаи нозук ва муҳимро расониданӣ ҳастам. Аз 460 ҳазор нафаре, ки мерафтанд, фақат 111 ҳазор муваффақ шуданд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем", - гуфт президент.

“Қарз намедиҳанд!”

Раҳмон як роҳи ҷалби сармояи мустақими хориҷиро гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аудити молиявӣ унвон карда, афзуд, тамоми ширкат, муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо фақат ҳамин роҳро доранд, агар на, ягон институти байнулмилалии молиявӣ, ягон сармоягузор ба ягон кас қарз ҳам намедиҳад ва сармоягузорӣ ҳам намекунад.

“Ҳатман бояд муайян кунем, ки аз чанд миллион боло (аз аудит гузаранд). Қарорро бояд қабл кард. Сарфи назар аз он ки кадом мақомоти давлатӣ ё ширкати хусусӣ, ҳар чӣ набошад, (гардиши корхона ё муассиса) як миллион аст, ду ё се миллион аст, бояд ҳатмӣ аз аудит гузарад. Инро бояд ҳукумат муайян кунад. На ҳама ба ин розӣ аст, ҳатто сохторҳои мақомоти давлатӣ. Ин шаффофияти иқтисодиро муайян мекунад. Ҳам дар соҳибкорӣ ва ҳам сохторҳои мақомоти давлатӣ”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Паём: президент ба мардуми Тоҷикистон раҳмат гуфт - чаро?

Авфи дуюм

Тоҷикистон дар таърихи 30 соли истиқлолаш фақат як бор авфи маболиғ ва дороиҳоро соли 2007 гузаронда буд. Имсол низ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти зидахл хост, ки заминаи баргузории як авфи дигарро фароҳам созад. Вай гуфт, мо мебинем, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат дар ин 30 сол қариб 10 – 15 маротиба гузарониданд.

“Такрор мекунам, ҳатто кишварҳои абарқудрат. Чанд сол пайиҳам. Шароитро мо мебинем, ки дар ҷомиаи ҷаҳонӣ чӣ гап аст”, - гуфт ӯ.

“Страховка”

Президенти Тоҷикистон аз мақомоти зидахл хост, ки ҳар чӣ зуд як санад барои маҳдуд намудани санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкоронро то моҳи март таҳия кунанд. Вай гуфт, бахши хусусӣ ҳоло дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз 70, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ - 68 ва даромадҳои андозӣ ба буҷет - 80 фоиз саҳм дорад.

Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

“Ба пешвози 30 – солагии Истиқлолият 18 ҳазору 300, дар маҷмуъ 25 ҳазор иншоотро имсол бояд сохта, ба истифода диҳем. Ин аз ҳисоби кӣ аст? Аз буҷети давлат? Не. Ана ҳамин ҳисса ё саҳми соҳибкорон аст. Аксарияташ. Аммо дар вақти қабул кардани қонуну қарорҳо дар бисёр ҳолатҳо манфиатҳои назоративу хатарнокиву эҳтимолияти иҷро нашудани нақшаро пеш оварда, кӯшиш мекунем, ки монеаи сунъӣ эҷод кунем. Худамонро “страховка” мекунем дар назди ҳукумат, роҳбари давлат. Аммо дар назди мардум чӣ? Вақте рӯи дастурхони мардум нон пайдо нест, кӣ ҷавоб медиҳад?”, - гуфт президенти Тоҷикистон.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, баъзе сарони кишварҳои ИДМ аз пушташ механдиданд: шарҳ дод, ки чаро

Ҳис мекунед?

Президенти Тоҷикистон аз аҳли толор пурсид, ки дар ин сардиву барф ҳис мекунанд, ки чаро роҳҳои асосии байни вилоятҳои бузург ин зимистон баста нашуд? Вай дар посухи суоли худ гуфт, роҳҳо бунёд ва таъмиру нигаҳдории онҳо сол ба сол хубтару беҳтар шудаанд, мардум баҳору зимистон рафтуомад ва тиҷорати дохилӣ густариш пайдо мекунад.

“Ҳис мекунед? Талафоти одамон ҳам кам. Акнун вақте расидааст, ки роҳҳои дохилии байни ноҳияҳо, ҷамоатҳо, байни шаҳрҳо, худи деҳаҳо, шаҳраку маҳалҳои зист бояд хубтару беҳтар шавад. Як сол аст, ду сол аст, бояд кунем. Ман боварии комил дорам, ки агар ташаббус дар дасти вакилони муҳтарам, аъзои ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ, умуман ташкилотчӣ бошад, мардуми мо хуб дастгирӣ мекунад. Барои хубтару беҳтар кардани шароити зисти худаш. Ҳамаро набояд ба буҷет ҳавола кард”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Мешудааст – ку!

Раҳмон аз онҳое, ки ҳамоно банди иқтисоди нақшаӣ ҳастанд, ёдовар шуда, гуфт, роҳи аз ҳама хуби кӯмак ба кишоварзӣ фароҳам кардани имтиёз ва шароит ба соҳибкорон, тоҷирон, хоҷагиҳои деҳқонӣ аст.

“Дар Тоҷикистон 2 сол пеш 60 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид мешуд. Қариб 50 миллион доллар – валюта (арз) -и мо ба берун мерафт. Соли 2017 мо дар дохил ҳамагӣ 2 -3 ҳазор тон истеҳсол мекардем, вақте имтиёзҳо додем, зарфи ду сол истеҳсоли гӯшти парранда ба 30 ҳазор тон расид. Боварӣ дорам, ду сол баъд воридоти он аз байн меравад”, - гуфт ӯ.

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз берун дар як сол то 180 ҳазор тона картошка ва 140 ҳазор тон маҳсулоти гӯштӣ ворид мешуд, аммо соли 2020 ҳамагӣ 180 тон картошка ворид шудааст.

“Пурсида мешавад, аз ҳисоби чӣ таъмин шуд? Проблема дар Тоҷикистон дар боби истеъмоли гӯшт ҳаст? Раҳмат бар падару модари мардуми Тоҷикистон, ки ташаббуси моро дар бораи амалӣ намудани Қонун дар бораи танзими расму оинҳо дастгирӣ карданд. Ду баробар саршумори чорво сарфа шуда, зиёд гардид. Ҳам маҳсулоти ширӣ, ҳам маҳсулоти гӯштӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст”, - гуфт ӯ.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон: то моҳи март кодекси нави андоз омода шавад

Раҳмон ба амнияти саломатии мардум ишора карда, гуфт, гӯшти мурғу гӯштҳои дигар гуфта, баъзан маҳсулоти бесифати мӯҳлаташон гузаштаро бо ҳар роҳ меоварданд. Вай афзуд, имтиёзҳо моҳипарвариро низ такон доданд.

“Ё тухм аз дигар ҷо меоварданд, хандаовар аст, бародарон! Ман ҳатто гуфта будам дар маҷлисҳои ҳукумат ба мову шумо. Мешудааст-ку. Кори намешудагӣ дар дунё нест. Фақат завқ, масъулияти баланд доштанамон даркор. Мо зиёда аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол кардем. Ду – се маротиба зиёд деҳқони тоҷик картошка истеҳсол мекунад. Дар як сол!”, - гуфт президент.

Вай афзуд, барномаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон рӯи даст гирифт, ҳатто дар хориҷа масхара шуд.

“Ҳатто баъзе сиёсатмадорон дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар паси ман гап мезаданд, ки “Раҳмон кори дигар надорад, ки дар талу теппаву кӯҳ боғдорӣ мекунад, хандаовар аст”. Хандаовар нест. Натиҷаашро мо дида истодаем. Аз Душанбе то Кӯлоб равед, ҳамин рӯз дар ҳамин сардиву хунукӣ, бинед, дар ду тарафи роҳ ғайри бозорҳо чӣ қадар ҳазорҳо тон меваву сабзавоти бениҳоят сифати баланд ва аз лиҳози экологӣ тозаро деҳқонон ба мардум пешкаш карда истодаанд. Натиҷаи чӣ аст? Мо ҳам давраи Шӯравӣ рафта, меомадем. Ягон бало набуд. Бисёриҳо шоҳид ҳастед. Ин ҳама натиҷаи ҳамин қарорҳо ва заҳмати деҳқонони мамлакат аст. Агар шикамамон сер намебуд, дар ин толор омада, паёми роҳбари давлатро гӯш намекардем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

“Ҳоло айни вақт аст...”

Президенти Тоҷикистон гуфт, хабар аз хатару пешгӯиҳое, ки коршиносони сатҳи байнулмилалӣ мекунанд, ба ҳозирини толор ва мардуми Тоҷикистон мерасонад. Ӯ ҳамзамон ин суолро матраҳ кард: соли 2021 чӣ моро интизор аст?

Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз барқароршавии парвозҳо гуфт

“Агар дар ёд дошта бошед, моҳи апрели соли 2020 дар муроҷиате, ки ман ба шаҳрвандони мамлакат кардам, дар бораи таҳдиду хатарҳое, ки дар фасли тирамоҳу зимистони имсолу соли оянда дар камин нишастаанд ва ҳатто хатари гуруснагӣ, болоравии нархҳо дар дунё, ки ба камчинии маҳсулоти ғизоӣ оварда мерасонад, гуфта будам. Ана ҳамонҳо омада расид. Тибқи таҳлили коршиносони созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, аз ҷумла муовини дабири кулли СММ, соли равон дар масъалаи озуқаворӣ яке аз солҳои вазнин ва ҳалокатбор тайи 100 соли ахир мегардад. Ин сухани ман нест, аз муовини дабири кулли СММ дар умури озуқаворӣ аст”, - гуфт Раҳмон.

Вай аз бесобиқагии гармшавии иқлим дар соли 2020 дар таърихи инсоният гуфта, афзуд, гармову хушксолӣ ва камобии соли гузашта дар кишвари мо аз оғози собҳибистиқлолӣ бори якум ба қайд гирифта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз барқароршавии парвозҳо гуфт

“Чӣ моро интизор аст дар ин сол? Ман бори дигар ин фурсатро истифода бурда, ба мардуми Тоҷикистон, шумо – аъзои ҳукумат, вакилони мардумӣ изҳор мекунам, ки корро ҷиддӣ гирем. Ҳоло вақт аст. Ҳоло айни вақт аст”, - гуфт ӯ.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар замони соҳибистиқлолӣ барои 1 миллиону 350 ҳазор хонавода 135 ҳазор гектар заминро тақсим карда дод, то хона ё мавзеъи истиқоматӣ созанд, дар ҳоле ки дар 75 соли шӯравӣ ба аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 73 ҳазор гектар замин ҷудо шуда буд.

“Ана акнун ҳисоб кунед, ки чӣ қадар замин дар дасти мардум аст. Мо ҳисоб кардем, ки ҳудуди 230 – 40 ҳазор гектар замин. Агар 50% - и он барои хонаву дигар сохтмон бошад, 50% - и дигар, ҳудуди 115 ҳазор гектар барои замини кишт. Мардум аз замини наздиҳавлигӣ метавонад садҳо сентнер ҳосил гирад”, - гуфт президент.

Ӯ аз сафарҳояш ба шаҳру навоҳӣ ва дидораш бо деҳқонон мисол овард, ки бархе меҳнат мекунанд, роҳаташро мебинанд ва аз оне гуфт, ки аз 17 – 18 сотих дар як сол 36 тон маҳсулот гирифта, зиндагиашро пеш мебарад ва бо ҳама чӣ таъмин асту муҳтоҷ ба касе нест.

Послание президента Таджикистана парламенту - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз хоинону нақшаҳояшон гуфт: мехоҳанд фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил кунанд

“Барои ҳамин ҳам, деҳқонони арҷманди мо, ман шуморо дастгирӣ мекунам, шумо муроҷиатҳои маро ҷиддӣ гирифта, меҳнат кунед, ба умеди ҳеҷ кас нашавед. Худои таоло гуфтааст, ки аз ту ҳаракат, аз ман баракат. Агар ба пушт зада, дастурхонро партоӣ, аммо дар замин дона напартоӣ, каланд назанӣ, дар он дастурхон чизе пайдо намешавад. Ҳамин сол кардед, натиҷаашро дидед. Оне, ки заҳмат мекашад, муҳтоҷи касе нест. Дар сардиву гармӣ дар дастурхони фарзандонаш фаровонист”, - гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2021 бисёр соли вазнин мешавад, махсусан, дар самти таъмини маводи ғизоӣ ва ҳукумату мақомоти зидахл бояд ба ҳама кӯмак кунанд.

“Аввали пайдоиши пандемияи COVID 19 воҳима (паника) ҳатто дар байни давлатҳои абарқудрат буд. Чӣ кор карданд? Сарҳадҳои худро бастанд. Содироту воридотро манъ карданд. Баъзеаш транзитро манъ кард. Баъд чӣ мешавад? Мо бештари маҳсулот – 60%-ро аз берун меорем. Агар (марзҳо) маҳкам бошад чӣ? Чӣ кор мекунем? Куҷо меравем?”, - гуфт ӯ.

Вай пешниҳод кард, ки тамоми кишоварзони кишвар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд, ки бино ба иттилои ӯ, ҳудуди 200 миллион сомониро ташкил медиҳад ва ҳукумати кишвар барои пӯшонидани ин манбаи андоз чораҷӯӣ менамояд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в кукурузном поле - Sputnik Тоҷикистон
Президент деҳқонони тоҷикро як сол аз андоз озод кард

“Агар дар ёд дошта бошед, ман як андешаро 12 сол пеш баён карда будам, ки бисёриҳо онро шояд ҳазл қабул карданд. Баъзе сиёсатмадорон ҳатто аз ман пурсиданд, чаро Эмомалӣ Шарипович, Шумо ин чиро гуфтед? Ман мардуми Тоҷикистонро даъват карда будем, ки кӯшиш кунед, ҳар як хонавода захираи дусола дошта бошад. Ба ёд доред? Ба ҳамон рӯз омадем. Ин бадбахтиро бинед! Шукрона, ки он бадбахтие, ки бархе кишварҳои Аврупо расидаанд, мо ба он нарасидем. Парвардигоро, ба мардуми тоҷик илоҳо нарасад. Аммо кӣ кафолат дода метавонад? Кӣ? Кӣ киро кӯмак мекунад? Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Як ваксинаро бинед, сиёсӣ карданд дар дунё”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охири суханронии худ президенти Тоҷикистон мардумро ба ваҳдату бародарӣ хонд ва гуфт, барои ҳамин ҳам ман гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки мо бояд бунёд кунем, созем, руҳафтода нашавем.

Стипендияи донишҷӯёну магистрон ва аспирантону доктарантҳо зиёд мешавад

“Ман ишора кардам, ки бобову бобокалони мо, аждодони мо кӣ буданд, чӣ мерос гузоштанд, тамаддунсоз буданд, тамаддунофар буданд. Чӣ мову шумо карда наметавонем? Мову Шумо идома дода наметавонем?”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0