Ин ғайри қобили қабул аст: Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳамроҳ шудан бо Озарбойҷон сарпечӣ кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкРоссийский миротворец на блокпосту №6 на въезде в город Шуши на дороге из Степанакерта в Лачин
Российский миротворец на блокпосту №6 на въезде в город Шуши на дороге из Степанакерта в Лачин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Қарабоғи Кӯҳӣ дар бораи вазъи кунунии ҷумҳурии эътирофнашуда шадидан сухан гуфтанд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Президенти Қарабоғи Кӯҳӣ Араик Арутунян дар мулоқот бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии минтақа дар бораи сарнавишти минбаъдаи ҷумҳурии эътирофнашуда ҳарф зад.

Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

Вай изҳор дошт, ки мавҷудияти Қарабоғ дар дохили Озарбойҷон ғайриимкон ва ғайри қобили қабул аст.

"Роҳи душвор ва тӯлоние моро барои барқарорсозӣ ва тақвияти кишвар интизор аст, ки дар он тамоми мардуми Артсах имкони зистан ва эҷод карданро доранд", - таъкид кард Арутунян.

Ба гуфтаи раҳбари минтақа, бо вуҷуди шароити душвор, Қарабоғи Кӯҳӣ муборизаро барои эътирофи байналмилалии истиқлолият идома хоҳад дод.

Ин масъала, ба гуфтаи Арутунян, бояд дар Гурӯҳи Минскии САҲА матраҳ шавад. Ҳамзамон, президенти Қарабоғи Кӯҳӣ гуфт, ки кишварҳои миёнарав дар ин созмон мавқеи ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

Дар ҷараёни мулоқот Арутунян сардори нави департамент Карен Саркисянро ба кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ муаррифӣ кард, ки қаблан вазифаи сардори Хадамоти давлатии фавқулодаи минтақаро ба ӯҳда дошт, 

Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Амалиёти мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1987 инҷониб сар мезанад. Ин муноқишаи сиёсию қавмӣ байни озарбойҷониҳо ва арманиҳо мебошад.

Иғвогарӣ намегузарад: чӣ тавр сулҳбонони Русия дар Қарабоғ аз оташбас назорат мекунанд - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Иғвогарӣ намегузарад: чӣ тавр сулҳбонони Русия дар Қарабоғ оташбасро назорат мекунанд

Бори охир он 27 сентябри 2020 дигарбора сар зад. Ҳанӯз маълум нест, ки кадом кишвар аввалин шуда тиркушоиро оғоз кардааст, дар ҳоле ки Арманистон ва Озарбойҷон дар тирборон ҳамдигарро айбдор карданд.

Муноқиша беш аз як моҳ давом кард ва бо дахолати президенти Русия Владимир Путин боздошта шуд.

Тадбири асосии оташбас имзои созишномае буд, ки баргардонидани қаламравҳои ишғолкардаи Арманистон ба Озарбойҷонро пешбинӣ мекунад.

Ин санад шаби 9 ба 10 ноябр имзо шудааст. Аз ҳамон лаҳза амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд.

Миёни ҷангу сулҳ: гузориши аксӣ аз Қарабоғи куҳӣ

Шартҳои риояи созишномаҳоро посдорони сулҳи Русия назорат мекунанд. Онҳо инчунин ба гурезагон кӯмак мерасонанд, корҳои тоза кардани минаҳоро анҷом медиҳанд ва инфрасохтори шаҳрҳои маҳаллиро барқарор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0